• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 7
Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул шудааст. Ҳадаф аз роҳандозии боз як ҷашнвораи давлатӣ эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат унвон шудааст. Бар асоси ин пешниҳоди Пешвои миллат ба парлумон ба қонуни...
Даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии илм-Фурӯғи маърифат санаи 20.11.2021 дар Муассисаи давлатии Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид, ки дар он муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссияи даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур Сатториён Матлубахон Амонзода баромад намуда, ҳамаи ғолибонро табрик намуд. Мавсуф оид...
Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! Бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16-уми ноябр табрику таҳният гуфта, ба Шумо саломатӣ ва дастовардҳои нави илмию эҷодиро таманно дорам.16-уми ноябр барои миллати тоҷик аз дурахшонтарин рӯзҳои таърихӣ ба шумор меравад. Маҳз...
БА ДИҚҚАТИ ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ РАСОНИДА МЕШАВАД, КИ САНАИ 17.11.2021 ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ МАЗКУР БАРГУЗОР МЕГАРДАД.АЗ РӮИ НАМИНАТСИЯИ МАТЕМАТИКА, ИНФОРМАТИКА ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИ ТОҶИКИСТОН БИНОИ ТАЪЛИМӢ №17 ФАКУЛТЕТИ МЕХАНИКАЮ МАТЕМАТИКА БАРГУЗОР МЕГАРДАД.
Санаи 12.11.2021 дар факултети механикаю математика Шӯрои кураторон баропо гардид, ки дар он декани факултет профессор Одинаев Раим Назарович баромад кард аз ҷумла, маротибаи дигар оиди камбудиҳои факултет дар равандҳои илмӣ татбиқӣ, таълими методи ва тарбиявӣ таъкид гардид.Алал хусус, аз кураторони...
11-уми ноябри соли 2021 дар факултети механикаю математика бо иштироки намояндаи илмӣ Донишгоҳи милли Тоҷикистон Рустам Наботӣ Шӯрои олимон барпо гардид. Дар ҷаласа оиди дастовардҳои олимони факултет дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷонишини декан оид ба илм дотсент Шоимқулов Б. ҳисобот доданд.
Дар робита ба самтҳои мухталифи илмҳои дақиқу риёзӣ, аз ҷумла дар соҳаи механикаю математика грантҳои гуногуни судманд вуҷуд доранд. Дар робита ба амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» кор бо грантҳо ва ширкатҳои маблағгузор дар самти пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ ниҳоят муҳим ва саривақтӣ мебошад. Илова...
Санаи (04.11.2021) бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо ташаббуси Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Татбиқи муодилаҳои дифференсиалӣ дар ҳалли масъалаҳои амалӣ» доир гардид.Дар оғоз нахуст муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода...
Дар кафедра семинари илмии “Муодилаҳои интегралии сингулярӣ ва масъалаҳои канорӣ барои муодилаҳои дифференсиалӣ” бо роҳбарии доктори илмҳои физикаю математика, профессор Ҷангибеков Г. амал мекунад. Ҷаласаҳои семинар ҳар ҳафта як маротиба, рӯзи панҷшанбе баргузор мегардад, ки дар он кормандони илмӣ, аспирантҳо, магистрҳо, донишҷӯёни Донишгоҳ ва дигар Донишгоҳҳои Ҷумҳурӣ иштирок мекунанд.

Эълонҳо