НАЗОРАТИ ҚАТЪИИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲО

190

Бо иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон силсилавохӯриҳои ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ба роҳ монда шудааст.

Дар нимсолаи аввали таҳсил тибқи нақша чунин вохӯриҳои судманд доир гардид, ки ректори донишгоҳ ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи илмию таълимӣ дар сохторҳои мухталифи донишгоҳ дастурҳои мушаххас доданд.

Бо натиҷагирӣ аз нимсолаи таҳсили сипаригашта силсилавохӯриҳо доир мегардад. Нахуствохӯрии ректори донишгоҳ бо устодону кормандони факултетҳои механикаю математика ва муштараки ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Белорус баргузор гардид.

Ибтидо, ректори донишгоҳ ба мутасаддиёни факултет дар самти татбиқи нуктаҳои гуногуни Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ва иҷрои як қатор санаду қонунҳои миллӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар мулоқот самтҳои гуногуни фаъолияти факултетҳои мазкур, аз ҷумла омода намудани мутахассисони донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, таҳияи дастуру китобҳои таълимӣ, ташкили семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки меҳмонони хориҷӣ, иштироки фаъоли донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дифоъи рисолаҳои илмӣ мавридим баррасӣ қарор гирифтанд.

Ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки ҷиҳати боз ҳам хубтар фаъолият намудани сохторҳои таркибии факултет (кафедраҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ) садорат чораҳои амалӣ андешида, мушкилиҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳои факултетивӣ мунтазам мавриди баррасӣ қарор дода шаванд ва дастуру супоришҳо зери назорати қадъӣ қарор гиранд.