Кафедраи математикаи ҳисобарорӣ ва механика

Абдукаримов Маҳмадсалим Файзуллоевич  – мудири кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ ва механикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ҲИСОББАРОРӢ ВА МЕХАНИКА

Кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ ва механика соли 2001 дар асоси ду кафедраи амалкардаистодаи «Математикаи амалӣ» ва «Механика ва методҳои ҳисоббарорӣ» ташкил карда шудааст ва яке аз кафедраҳои бонуфузтарини факултети механикаю математика ба ҳисоб меравад.

Соли 1961 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон кафедраи математикаи амалӣ ва ҳисоббарорӣ кушода шуд. Мудирии кафедраро В.Х. Тошбоев бар уҳда доштанд. Дар ин давра, бо ташаббуси В.Х. Тошбоев дар кафедра тахассуси математикаи амалӣ ҷорӣ карда мешавад. Барои тайёр намудани мутахассисони ин тахассус бо дастгирии В.Х. Тошбоев якчанд донишҷӯёни болаёқат ба донишгоҳҳои шаҳрҳои Маскав, Тошканд ва Воронеж фиристода шудаанд. Ӯ соли 1972 ба вазифаи мудири кафедраи математикаи амалии ДДТ ба номи В.И.Ленин интихоб мешавад ва то соли 1977 онро иҷро менамояд. Солҳои 1977-1988 мудирии ин кафедраро дотсент Э.Г. Самандаров бар дӯш доштанд. Дар ин давра баробари ба истифода дода шудани МЭҲ «Минск-22» (соли 1970) ва «ЕС1022» (соли 1978) имконият пайдо шуд, ки тайёр намудани мутахассисони математикаи амалӣ ба дараҷаи баландтар бардошта шавад ва ҷаҳонбинии илмию тадқиқотии онҳо васеъ гардад.

Аз соли 1988 то соли 2001 мудирии кафедраро дотсент Н. Шерматов ба уҳда доштанд. Устодони кафедра дар ҳамаи шуъбаҳои факултети механикаю математика аз фанни назарияи эҳтимолият ва омори математикӣ, курсҳои махсус ва лабораторияҳои тахассусӣ лексия мехонданд ва дарсҳои амалию лабораторӣ мегузарониданд. Инчунин онҳо дар факултетҳои физика, геология ва ҳамаи факултетҳои равияи иқтисодидошта аз фанни назарияи эҳтимолият ва омори математикӣ лексия мехонданд ва дарсҳои амалӣ мегузаштанд. Дар кафедра махсусгардонии донишҷӯён аз рӯйи ихтисоси назарияи эҳтимолият ва омори математикӣ гузаронида мешуд. Устодони кафедра доир ба мавзӯи илмии буҷавӣ «Моделҳои эҳтимолӣ-статистикии масъалаҳои муайяни амалӣ», «Тадқиқ ва ҳалли ададии баъзе муодилаҳои дифференсиалӣ ва интегралӣ» ва мавзӯи фармоишии Вазорати маорифи ҶТ «Моделсозии математикии сабзиш ва афзоиши растанӣ» корҳои илмии худро пеш мебурданд. Доир ба ҳамаи фанҳои кафедра аз тарафи устодон китобҳои дарсӣ ва дастурамалҳои методӣ навишта ва нашр карда шудаанд. Тайи солҳои гуногун дар кафедра академики АИ ҶТ, профессор З.Ҷ. Усмонов, дотсентон Б.А.Алиев, М.Ҳ. Ҳасанова, Қ.Ш. Куртаков, И.Ш. Рауфов, Э.Г. Самандаров, В.Х. Тошбоев, Н. Шерматов, Р.И. Садуллоев, М.М. Муминов, Р.Э. Азизов, Р.И. Бибикова, муаллимони калон А.Р. Раҷабов, М.Қ. Хоҷабекова ва дигарон кору фаъолият карданд.

Соли 1967 дар факултет кафедраи механика ба фаъолият шурӯъ намуд. Кафедраро то соли 1977 дотсент М.Ҳ. Ҳасанова сарварӣ кардаанд. Соли 1977 дар асоси ҳамин кафедра, кафедраи нави механика ва методҳои ҳисоббарорӣ ташкил карда шуд. Аз соли 1977 то 2000 Б.А.Алиев мудирии кафедраро бар зимма доштанд. Дар кафедра махсусгардонии донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳои усулҳои ададӣ ва механикаи назариявӣ гузаронида мешуд. Гузаронидани машғулиятҳо аз фанҳои механикаи назариявӣ, методҳои ҳисоб, информатика ва техникаи ҳисоббарор дар тамоми факултетҳои табиӣ ва дақиқи донишгоҳ ба уҳдаи кафедра гузошта шуда буд. Кафедра дар раванди тадқиқот бо пажӯҳишгоҳҳои геологӣ ва математикии АИ ҶТ, факултети математикаи ҳисоббарорӣ ва кибернетикаи донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, кафедраи механика ва ГАНШ-и донишгоҳи Маскав, пажӯҳишгоҳи математикии АИ Украина, маркази ҳисоббарории АИ Россия хамкории доимӣ дошт. Ходимони пешоҳанги ин марказҳои илмӣ, ба монанди академикҳо Т.А.Тихонов, А.А.Самарский, профессорон В.Г.Дёмин, В.А.Арсенин, Ю.М.Свирежев, А.В.Григоренько, А.М.Денисов ва чанде дигарон дар иҷрои корҳои илмӣ ба устодони кафедра кӯмаки амалӣ расонида, дар корҳои муайян кардани самти ҷараёни тадқиқот мусоидат намудаанд. Бояд гуфт, ки натиҷаҳои илмии ба дастовардаи кафедра назаррасанд. Гувоҳи ин он аст, ки дар ин муддат устодони кафедра 1 рисолаи докторӣ (М.Ҳ.Ҳасанова) ва 6 рисолаи номзадӣ аз рӯйи натиҷаҳои илмии ба даст овардаашон ҳимоя намуда, дар озмуни илмии байналхалқӣ (Б.А.Алиев) ғолиб омаданд. Навиштан ва нашр кардани васоити таълимӣ, нишондодҳои методӣ ва китобҳои дарсӣ ҳамеша дар маркази диққати аъзои кафедра буд. Солҳои охир 18 номгӯи чунин воситаҳо чоп карда шудаанд. Аз байни онҳо «Методҳои асосии математикаи ҳисоббарорӣ» (дар 4 қисм, иборат аз 20 ҷузъи чопӣ), ки ба қалами дотсентон Б.А.Алиев ва Н. Юханонов мансуб буданд, ҳоло ҳамчун китоби дарсӣ дар факултетҳои математикии донишгоҳҳои ҷумҳурӣ истифода карда мешавад. Соли 1992 китоби дарсии «Методҳои ададӣ» аз тарафи устодони кафедра Алиев Б.А. ва Ашӯров М. чоп карда шудааст ва соли 2010 ин китоб аз нав бо таҳриру иловаҳо рӯйи чоп омадааст. Дар солҳои гуногун дар кафедра профессор Ҳасанова М.Ҳ., дотсентон Алиев Б.А., Юханонов Н., Коенов Д.З., Ашӯров М.А., Баҳромова З.Н., Олимшоев Р., Пак Д.Н., Мавропуло И.А., Баринова Т.Я. ва дигарон фаъолияти омӯзгорию илмӣ кардаанд. Дотсент Б.А. Алиев лауреати мукофоти комсомоли Тоҷикистон дар соҳаи илм ва техника (1974) ва дорандаи идрори Бунёди байналхалқии илмии ИМА (бунёди Ҷорҷ Сорос) дар солҳои 1993-1995 аст. Профессор М.Ҳ.Ҳасанова бо ордени «Шараф» мукофонида шудааст. Инчунин ҳар дуи онҳо аълочии маорифи халқи Тоҷикистон ва корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дотсентон Баҳромова З.Н. ва Ашӯров М. низ аълочии маорифи халқи Тоҷикистон мебошанд.

Аз соли 2001 то соли 2008 мудирии кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ ва механикаро номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Садуллоев Р.И. бар уҳда доштанд. Дар ин давра дар кафедра профессорон Ҳасанова М.Х., Шерматов Н.Ш., дотсентон Алиев Б.А., Ашӯров М.А., Садуллоев Р.И., Баҳромова З.Н., Азизов Р.Э., Эргашева М., Ҷӯраев Х.Ш., муаллимони калон Шарипова М.А., Холмуродов Т.Р. фаъолияти омӯзгорию илмӣ намудаанд. Солҳои 2005-2007 лоиҳаи илмии устодони кафедра Алиев Б. ва Ҷӯраев Х.Ш. ҳамчун ғолиби озмун аз тарафи Бунёди тадқиқотии умдаи Президенти Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст. Устоди кафедра Шерматов Н. соли 2004 рисолаи доктори илмҳои техникиро ҳимоя намуда, аз соли 2007 дар вазифаи профессори кафедра фаъолияти худро давом додааст. Кафедра аз рӯйи тахассусҳои усулҳои ададӣ, назарияи эҳтимолият ва омори математикӣ, механикаи назариявӣ ва гидромеханика мутахассис тайёр менамуд. Китобҳои дарсии «Усулҳои ададӣ» аз тарафи дотсент Ҷӯраев Х.Ш. ва «Асосҳои назарияи эҳтимолият ва омори риёзӣ» аз тарафи дотсент Садуллоев Р.И. бо ҳаммуаллифии дотсенти кафедраи математикаи олӣ Шукуров Ҳ.Р. чоп карда шудааст. Профессор Шерматов Н. соли 2004 бо ордени «Шараф дараҷаи ІІ» мукофотонида шудаанд ва аълочии маорифи халқи Тоҷикистон мебошанд. Дотсент Садуллоев Р.И. аълочии маорифи халқи Тоҷикистон мебошанд ва бо ду Ифтихорномаи ДМТ сарфароз гардонида шудаанд.

Солҳои 2008-2012 мудирии кафедраро доктори илмҳои техникӣ, профессор Шерматов Н. бар зимма дошт. Дар ин давра устодони варзидаи кафедра Алиев Б.А., Шерматов Н., Ашӯров М., Садуллоев Р.И. ва Эргашева М. 12 китоби дарсӣ барои донишҷӯён ва мактабиён чоп намудаанд, ки қисме аз онҳо ба қалами профессор Алиев Б.А. тааллуқ дорад. Аз рӯйи интишороти маводди таълимии солҳои 2006-2010 устод Алиев Б.А. ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардида буданд. Мақолаҳои устодони кафедра на танҳо дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, балки дар хориҷи кишварҳои дуру наздик чоп гардиданд. Профессор Шерматов Н. дорандаи 6 шаҳодатномаи ихтироъ, муаллифи монография, хамммуалифи 5 китоби дарсӣ буда, дар конференсияҳои бонуфузи байналхалқӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон, Испания, Штатҳои муттаҳидаи Америка ва Германия иштирок ва баромад кардааст. Бо роҳбарии ӯ ду унвонҷӯ рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд.

Аз соли 2013 то соли 2018 мудири кафедра номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Садуллоев Р.И. ва аз соли 2018 то соли 2022 мудир номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Зарифзода С.Қ. буданд. Дар ин давраҳо низ кафедра ба дастовардҳои назаррас дар самтҳои гуногун ноил гаштааст. Аз ҷумла, сазовори Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар байни олимони ҷавон гардидани устодони кафедра Абдукаримов М.Ф. ва Зарифзода С.Қ. ба ҳамин давраҳо рост меояд. Инчунин, Абдукаримов М.Ф. дар соли 2013 рисолаи номзадӣ ва дар соли 2021 рисолаи доктории худро ҳимоя намуданд, ки яке аз муваффақиятҳои дигари кафедра дар ҳамин давраҳо мебошад.

Аз соли 2022 инҷониб мудирии кафедраро доктори илмҳои физикаю математика, дотсент, барандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ байни олимони ҷавон, барандаи Ҷоизаи байналмилалии “Содружество дебютов” байни олимони ҷавони ИДМ, аълочии маориф ва илми ҶТ Абдукаримов М.Ф. бар зимма дорад. Айни ҳол дар кафедра д.и.т., профессор Шерматов Н.Ш., н.и.ф.м., дотсент Зарифзода С.Қ., н.и.т., дотсент Ашӯров М.А., н.и.ф.м., дотсент Садуллоев Р.И., н.и.ф.м., дотсент Эргашева М.Э., н.и.ф.м., дотсент Садриддинов П.Б., н.и.ф.м., муаллимони калон Мирзоев Ш.А., муаллими калон Баротов Р.Т. ва н.и.ф.м., ассисент Абдукаримзода М.К. фаъолияти омӯзгорию илмии худро пеш бурда истодаанд. Фанҳои асосии кафедра усулҳои ададӣ, назарияи эҳтимолият ва омори математикӣ, механикаи назариявӣ, механикаи муҳити яклухт ва курсҳои махсусу лабораторияҳои тахассусӣ мебошанд. Кафедра аз рӯйии тахассусҳои математикаи амалӣ ва механика мутахассис тайёр менамояд.

Устодони кафедра аз рӯйи мавзӯи умумии «Таҳқиқоти аналитикӣ, таҳлили сифатӣ ва ҳалли ададии масъалаҳои математикаи амалӣ ва механика» корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодаанд. Барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи илм ва таълим соли 2023 н.и.ф.м., асситенти кафедра Абдукаримзода М.К. сазовори Ҷоизаи Президентӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ гардиданд. Инчунин, дар соли 2023 дотсент Зарифзода С.Қ. рисолаи докторӣ ва муаллими калон Баротов Р.Т. рисолаи номзадиро дифоъ карданд, ки айни ҳол дар баррассии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Аз тарафи ҳайати профессорон ва омӯзгорони кафедра то имрӯз  зиёда аз 15 китоби дарсӣ, 5 монографияи илмӣ, зиёда аз 300 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи ҷумҳурӣ ва берун аз он, 20 мақолаи оммавӣ ва зиёда аз 500 фишурдаи мақолаҳо дар маводди конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ чоп карда шудааст. Кафедра дар баргузории чорабиниҳои гуногуни илмӣ, аз ҷумла конференсияҳо ва семинарҳо саҳми босазо дорад. Аз ҷумла, соли 2014 дар пояи кафедра конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 70 солагии профессор Алиев Б. дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами математики амалӣ” дар сатҳи баланд доир гардида буд. Дар солҳои охир аспирантураи кафедраро 7 нафар хатм намудаанд, ки 5 нафари онҳо рисолаи илмиашонро ҳимоя кардаанд. Айни ҳол дар пояи кафедра 5 нафар докторанти PhD таҳсил менамоянд, ки бо муваффақият ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд.

Яке аз нишондиҳандаҳои самаранокии фаъолияти кафедра кор бо донишҷӯ мебошад. Дар кафедра маҳфилҳои инфиродии профессор Шерматов Н. ва дотсент Ашӯров М. фаъолият менамояд. Натиҷаи заҳмати устодони кафедра мебошад, ки донишҷуён Абдукаримов М.Ф., Мирзозода М., Олимҷони Пираҳмад, Ашуров Ш. и Ашуров Х. дар солҳои гуногун, дар олимпиадаҳои математикӣ ва озмунҳои илмии донишҷуён ҳам дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳам дар сатҳи байналхалкӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Дар конференсияҳои илмии ДМТ бахшида ба «Рӯзи илм» донишҷуёни кафедра ҳамасола маърӯза мекунанд, ки роҳбарони илмиашон устодони кафедра мебошанд. Иқтидори кафедра дар равандҳои таълиму тарбия ва илм калон аст. Ҳамаи аъзои кафедра сарпарастони гурӯҳҳои академӣ мебошанд ва вазифаи худро пеш аз ҳама барои тайёр намудани мутахассисони баландпоя барои ҷумҳурии маҳбубамон мебинанд.