ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН – РАМЗИ ВАҲДАТ ВА ЯГОНАГИИ МИЛЛАТ

279

Имрӯз (23.11.2022) дар факултет механикаю математикаи ДМТ мувофиқи нақша чорабиниҳо бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои фарҳангию таърихӣ ва рамзҳои давлати ҳамоиш бахшида Рӯзи Парчами давлати баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро декани факултети механикаю математикаи ДМТ муҳтарам Қосимов И.Л ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
Пас аз он асистенти кафедраи информатика Солиҳзода Д.И баромад намуда изҳор дошт ки Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд. Воқеан, Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.
Дар охир иштирокчиёнӣ ҳамоишро ба ин иди муқаддаси умумимиллӣ табрику муборакбод намуда, осмони софу беғубор ва сиҳатмандиву сарбаландиҳо таманно намуданд.