Омӯзиши илмҳои дақиқро тақвият мебахшем.

227

Мо ба хотири рушди илму маориф тамоми захираву имкониятҳоро равона кардаем ва ин корро минбаъд низ бомаром идома медиҳем.Зеро ояндаи миллат ва фардои давлат ба наслҳои ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, дорои ҳисси баланди миллӣ, соҳибмаърифату донишманд, забондон, дорои ҷаҳонбинии васеъ, меъморону муҳандисон, ихтироъкорону навоварон, дигар ихтисосҳои замонавӣ ва касбу ҳунарҳои муосир вобастагии мустақим дорад.

                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон

Миллати тоҷик ҳанӯз аз давраҳои қадим ба рушду нумӯи илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ диққати ҳамаҷониба медод. Одамони қадим дар лаҳзаҳои бисёр барояшон душвор аз ангуштони даст истифода намуда, мушкилоти ҳисобии худро ҳал месохтанд. Бо мурури замон ва инкишоф ёфтани фаҳмишу идроки одамон мардум зарур шумориданд, ки барои васеътару фаҳмотар ҳисобу китоб намудан роҳи дигареро пайдо кунанд. Идроки инсони онрӯза рӯз то рӯз инкишоф меёфт. Мардум бо мурури замон бо инкишоф ёфтани фаҳмишашон мушкилоти ҷойдоштаро оҳиста- оҳиста ҳал месохтанд. Агар мо ба саҳифаҳои таърих назар афканем илмҳои дақиқ ҳанӯз аз замони пайдоиш то инҷониб дар ҳоли рушду нумӯъ қарор доранд. Рӯй овардан ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ин худ қадами устуворест барои рушди иқтисодии мамлакат.

        Дарки фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои ҳар гуна шахс саҳлу осон нест. Дар роҳи омӯзиши ин гуна фанҳо тафаккури васеи ақлонӣ бояд дошт.

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳо ва паёмҳояшон таъкид месозанд, ки ҷавонони моро мебояд аз илмҳои дақиқ бархурдор бошанд.  Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани  омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инчунин барои боз ҳам  тақвият бахшидани тафаккури насли наврас солҳои 2020-2040 ” Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон карда шуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин бистсола изҳор намуданд, ки бояд “назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида,наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд”. Барои боз ҳам ҷалб кардани наврасон ва ҷавонон ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ аз тарафи Пешвои миллат озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони “Илм- фурӯғи маърифат” эълон карда шуд. Озмуни ҷумҳуриявии ” Илм- фурӯғи маърифат” таҳти сарпарастии Президенти кишвар бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф” ҳамасола баргузор карда мешавад.

       Озмун бо мақсади рушди тафаккур техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология,  ихтироъкорӣ ва навоварӣ, ҷалби бештари хонандагон ва донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ баргузор мегардад. Озмуни мазкур аз рӯи ҳафт номинатсия гузаронида мешавад:

– математика (арифметика, алгебра, геометрия);

– физика ва астрономия;

– химия;

– биология ( ботаника, зоология, анатомия);

– география;

– технологияи иттилоотӣ;

– ихтироъкорӣ ва навоварӣ;

Ғолибони ҷойҳои 1,2, ва 3 аз ҳар яке аз номинатсияҳо бо мукофотҳои пули ва ифтихорномаҳои сарфароз гардонида мешаванд. Барои ғолибони даври чорум ( ҷойҳои 1, 2 ва 3) ва инчунин барои  барандаи шоҳҷоизаи ин озмун имтиёзе пешбинӣ шудааст, ки он баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  ба ихтисоси интихобкардаи худ, бе озмун ба тариқи ройгон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва олии касбии кишвар қабул карда мешаванд. Ин ҳама имкониятҳо ва дастгириҳои Ҳукумати кишвар баҳри мо ҷавонон ва наврасон мебошад. Бояд зикр  намуд,ки боз бо талош ва  дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат як шабакаи телевизионии дигар бо номи ” Илм ва табиат” таъсис дода шуд. Президенти кишвар таъкид карда буданд, ки дар ин шабакаи мазкур таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ ва  техникиву  технологӣ ба роҳ монда шавад ва бо ин мақсад омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандон  соҳа ҷалб карда шаванд. Супориш дода шуд, ки дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабака дастовардҳои илмӣ, ватанию ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсионӣ бояд пайваста муаррифӣ гарданд. Омӯзиши илмҳои дақиқ барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва расидан ба фардои босубот вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ҷавонон мебошад.

      Хулоса, ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки илми тоҷик давра ба давра пеш рафта истодааст. Мо хуб дарк менамоем, ки ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши мо ҷавонон аст. Воқеан шароити имрӯза ба мутахассисони варзидаи илмҳои дақиқ ва риёзӣ ниёз дорад ва мо ҷавононро мебояд, ки илмҳои ҷаҳони муосирро аз бар кунем, мутахассиси варзида гашта дар пешрафти ватани худ ва бахусус барои амали намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳмгузор бошем. Бояд қайд намуд, ки вусъатбахшии илмҳои дақиқ вусъатбахшии ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Барои иҷро намудани нақшаҳои хеш ва ҷавобан ба ҳама ин ғамхориҳои Пешвои миллат мо ҷавонон кӯшиш менамоем, ки пешниҳоду фармонҳо ва дастгириҳои Сарвари давлатро ба инобат гирифта ба омӯхтани илмҳои дақиқ ва риёзӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир менамоем. .

Анбоз Азизов Донишҷӯи курси якуми факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон