Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Масъалаҳои муосири математика ва татбиқи он»

537

Кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Кумитаи Занонаи Иттиҳоди Байналмиллалии математикҳо Шуморо барои иштирок дар кори конференсияи байналмилалии илмӣ – амалии «Масъалаҳои муосири математика ва татбиқи он» даъват менамояд.

Ифтитоҳи конференсия 20-уми октябри соли 2022, соати 9:00 дар толори маҷлисгоҳи Конфутсий, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ баргузор мегардад.

Бахшҳои конференсия кори худро дар факултети механикаю математика 20-уми октябри соли 2022 аз соати 14:00 то соати 18:00 ва 21-юми октябри соли 2022 соати 9:00 то соати 17:00 дар доираи барномаи мазкур идома медиҳад.

Бо маводҳои конференсия аз сомонаи www.mmf.tnu.tj  шинос шудан мумкин аст.

Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Бақайдгирии иштирокчиён соати 8:00.

Маълумоти иловагиро оид ба кори конференсия аз суроғаҳои зерин  дарёфт кардан мумкин аст. Тел: (+992) 204-99-99-41; Суроғаи электронӣ: boitura@mail.ru, lutfya62@mail.ru