Муовини декан оид ба тарбия

Каримов Умед Мусоевич 28-уми июни соли 1993 дар шаҳри Норак  вилояти Хатлон, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 2000 ба синфи ибтидоии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Норак рафта мактаби номбурдаро соли 2011 бо баҳои хубу аъло хатм намудаст.

Пас аз хатми мактаби миёна соли 2011 ба факултети механикаю математикаи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2016  хатм намудааст. Соли 2016 ба ҳайси ассистенти кафедраи информатикаи факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти кори худро шурӯъ намудааст.

Аз 29.10.2019 ба ҳайси унвонҷӯи кафедраи информатика факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қабул гардида.

Аз 1-уми сентябри соли 2022 то ҳол дар вазифаи муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор ва фаъолият дорад.