Декани факултети механикаю математика

Қосимов Исмоил Латипович
декани факултети механикаю математика, номзади илмҳои техникӣ, дотсент

Қосимов Исмоил Латипович 17.02.1971 дар ноҳияи Орджонкидзобод, ҳозира шаҳри Ваҳдат, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 1992 ба факултети механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), ихтисоси математикаи амалӣ дохил шуда, онро соли 1999 хатм намудааст. Номбурда аз соли 2000-ум то соли 2018 дар кафедраи информатикаи факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар вазифаҳои лаборанти калон, ассистент, муаллими калон, дотсент ва аз моҳи сентябри соли 2018 то моҳи апрели соли 2022 дар вазифаи мушовири академии дараҷаи 1-уми декани факултети муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Белорус фаъолият намудааст. Аз 22-юми апрели соли 2022 ба вазифаи декани факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин гардидааст.

        Қосимов Исмоил Латипович рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Коркард ва таҳқиқоти амсилаи математикӣ динамикаи системаҳои экологии ҳавзҳои моҳипарварӣ бо амури сафед», дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҳимоя намудааст. Қосимов И.Л. дорои 1-монография, ки дар матбаъаи LAP LAMBERT Academic Publishing, Ҷумҳурии Олмон бо номи “Имитационная модель динамики экосистемы макрофитного рыбоводного пруда. – LAP LAMBERT Academic Publishing (Project ID:#130070; ISBN 978-3-659-80543-1) LAP: OmniScriptum GmbH & Co. KG, Bahnhofstraße 28, D-66111 Saarbrücken” ба нашр расионидааст, инчунин зиёда аз 50 мақолаю фишурда мақолаҳо дар журналҳои дохилию хориҷӣ чоп намудааст. То ба имрӯз  ду китоби дарсӣ барои синфҳои 10-ум ва 11-уми мактабҳои таҳсилоти умумии ҶТ аз фанни технологияҳои иттилотӣ, ҳафт васоити таълимӣ барои омӯзгорони мактабҳои олӣ, се силабуси таълимӣ аз фанҳои “Асосҳои информатика ва назарияи алгоритмҳо”, “Амалия дар компютер” , “Барномасозӣ” ва як роҳнамои омӯзгор аз фанни технологияҳои иттилоотӣ барои синфҳои 11-уми мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба нашр расонидааст: