Кафедраи математикаи олӣ

Зокиров С.Ҳ. дотсент-мудири кафедраи математикаи олӣ.

Тайёр кардани мутахассисони соњибмаълумоти раќобатпазир ва њамќадами илми муосир барои хољагии халќ, алалхусус мутахассисони соњаи маориф, муњандисию техникї, тиббї, табиатшиносї, иќтисодї ва равияњои гуманитарї яке аз талаботњои рўз буда, барои ба ин маќсад ноил гаштан таълими маќсаднок ва самараноки фанњои бунёдї, аз он љумла, математика дар њамаи зинањои таълим яке аз наќшњои марказиро мебозад.

            Ҳар як ҷабҳаи илми муосир, новобаста аз он, ки дар  кадом марҳилаи тараққиёт қарор дорад, ба татбиқи илмҳои дақиқ  ниёз дорад. Боэътимодии таҳқиқотҳои илмӣ ва ояндабинӣ дар фанҳои табиатшиносӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ аз дараҷаи истифодаи дастовардҳои илмҳои дақиқ, алалхусус илми математика ва техналогияи муосири компютерӣ зич вобаста аст.

 Таълими фанни математикаи олӣ, ҳамчун фанни бунёдӣ, пеш аз ҳама ҳадафҳои зеринро дорад: рушди фикронии мантиқӣ ва алгоритмии донишҷӯён; ҳосил намудани малакаи тарҳезии равандҳои воқеӣ; азхуд  намудани усулҳои таҳқиқ ва ҳалли масъалаҳои мазмуни соҳавӣ дошта; азхуд намудани усулҳои ададии ҳалли масъалаҳо ва амалӣ гардонидани онҳо дар компютер. Дар назар аст, ки пас аз омӯхтани фанни математикаи олӣ                                                                                                                                                                             мутахассиси оянда соҳиби малака ва донишҳои зерин мегардад: тасаввурот оид ба илми математика  ҳамчун воситаи махсуси дарки дунёи воқеӣ, универсалӣ (ҳамагонӣ) будани мафҳумҳо ва усулҳои он; истифодаи рамзҳои математикӣ барои  ифодаи муносибатҳои сифатӣ ва миқдории ашёҳо; донистани тарзу усулҳои коркарди иттилоот; шарҳу эзоҳи графикии натоиҷи тадқиқот; пайдо кардани мафҳум оид ба тарҳезии равандҳои  табиӣ, иқтисодӣ ва сотсиологӣ бо назардошти  хусусияти эҳтимолӣ доштани онҳо; доштани малакаи таҳқиқ, истифодаи моделҳои  мавҷуда ва донистани ҳудуди  истифодаи онҳо барои натиҷаҳои ба даст овардашуда. Ин донишу малака омодагии мутахассисони ояндаро барои ҳарчи чуқуртар азхуд намудани фанҳои ҳайётан муҳим ба монанди  информатика, усулҳои математикӣ дар физика, химия, биология, иқтисодиёт, микро- ва макроиқтисодиёт, эконометрика, математикаи молиявӣ, назарияи бозиҳо, идораи оптималӣ (беҳтарин), ба нақшагирии шабакавӣ, суғурта, лингвистикаи математикӣ, назарияи эътимоднокӣ ва самаранокӣ, харитасозӣ ва монанди онҳо таъмин менамояд.

           Яке аз ҳадафҳои асосии таълими математика дар ихтисосҳои ғайриматематикӣ – ба мутахассисон омӯзонидаи усулҳои математикии таҳқиқот мебошад.

           Барои расидан ба ин ҳадафҳо ва баланд бардоштани сифати раванди таълими математика ва таъмини самаранокии он дар факултетҳои ғайриматематикӣ, бо ташаббуси н.и.ф.м., дотсент Мухторов С.Н. соли 1971  дар Университети давлатии  Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) кафедраи математикаи олӣ таъсис ёфт.

            Дар солҳои гуногун вазифаи мудири кафедраи математикаи олиро шахсони зерин ба ӯҳда доштанд: 1971-1982 – н.и.ф.м., дотсент Мухторов С.Н.; 1982-2001 – н.и.ф.м., дотсент Муртазоев Д.М.; 2001-2011 – д.и.ф.м., профессор Сафаров Ҷ.Х.; 2011-2012 – д.и.ф.м., профессор Табаров А.Ҳ.; 2013-2018 – н.и.ф.м., дотсент Зокиров С.Ҳ.; 2018-2020 – н.и.ф.м., дотсент Бобоёров Ш.К.  Аз 18 апрели соли 2020 инҷониб вазифаи мудири кафедраро н.и.ф.м., дотсент Зокиров С.Ҳ. ба ӯҳда дорад. 

             Аввалин  устодони кафедра н.и.ф.м., дотсентон Мухторов С.Н.,  Неъматов Ф.Ҳ., Сироҷиддинов Х.М., муаллимони калон Ғафоров Н.Ғ., Содиқов А., ассистентон Лукянова Л.А., Никифорова А.И.,  Зайченко С.Я., Муродов Ю.Х.,  Ҷобиров А.Қ. ва Ғаниев С.С. буданд.

            Дар солҳои аввали ташкилёбии кафедра ҳайати кормандони он корҳои зиёди  ташкилӣ ва  методиро ба сомон расониданд. Дар ин давра барномаҳои таълимӣ ба забонҳои тоҷикию русӣ барои шӯъбаҳои рӯзона, шабона ва ғоибона, якчанд воситаи таълимӣ ба забони тоҷикию русӣ,  барномаҳои корӣ оиди фанҳои таълимӣ ва тахассусӣ таҳия ва нашр шудаанд.

            Бо мурури замон кафедраи математикаи олӣ ба як маркази илмӣ ва методӣ мубаддал гашт. Ин буд, ки бо мақсади мубодилаи  афкори илмӣ ва методӣ  Шӯрои методии кафедраҳои математикаи олии макотибҳои олии Тоҷикистон  таъсис ёфт, ки сарварии онро мудири кафедраи математикаи олии ДМТ,  дотсент Мухторов С.Н. ба ӯҳда дошт. Дар солҳои аввали ташкилёбии кафедра яке аз вазифаҳои асосии он тарбияи кадрҳои  ҷавон буд. Ба кафедра муяссар шуд, ки бо марказҳои илмии собиқ  Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон  алоқаи зич барқарор намояд.

           Дар тарбияи кадрҳои илмию педагогии кафедраи математикаи олӣ ҳиссаи академикони АМИ ҶТ  А. Ҷӯраев, Н. Раҷабов, К. Х. Бойматов, академики АИ СССР М.М. Лаврентев,  профессорон М.А. Красноселский, А.И.  Янушаускас, В.Н.  Врагов, В.Д. Белоусов, А.В. Мехалев, М.М. Смирнов, Ҷ.Х. Сафаров ва Д.М. Муртазоев калон мебошад.

            Дар нимаи дуюми солҳои ҳафтодуми асри гузашта ҳайати кафедра аз ҳисоби кормандони институти  математикаи АИ ҶТ н.и.ф.м.,  дотсентон Абдураҳмонов А., Муртазоев Д.М., Нурублоев М. пурра гашт. Ин буд, ки кормандони мактабҳои олӣ, муассисаҳои илмӣ ва кафедраҳои дигар барои коромӯзӣ ва таҳсил дар аспирантура ба кафедраи математикаи олӣ  меомаданд. Солҳои 1982-2001 кафедра ба яке аз кафедраҳои тахассусии факултети механикаю математика табдил ёфт. Солҳои 2001-2012  кафедра ҳамчун кафедраи умумидонишгоҳӣ фаъолият намудааст.

            Пурра намудани ҳайати устодони кафедра аз ҳисоби ҷавонон ва устодони варзида ҳамеша дар мадди назари мудирони кафедра қарор дошт. Солҳои 1990-2000 аз ҳисоби дотсентон КамолиддиновҶ., Ширинбеков М., Шукуров Ҳ.Р, Халилов Ш.Б. Дадобоев А.Ҳ.; солҳои 2001-2012 аз ҳисоби дотсентон Муллоев С.Ҳ., Ниматов Ҳ., Табаров А.Ҳ., Зокиров С.Ҳ., Муллоева М.С. ва ассистентон Каримов Ф., Ҳафизова М.; солҳои 2013-2020 аз ҳисоби профессор Сатторов А.С., дотсентон Холиқов А., Бобоёров Ш.К. ва ассистентон Мирзоев С, Шукурова Г., Искандари Ҷ., Мирзоев Ҷ., Рушанов Б., Дадабоев П. ва лабаранти калон Саидзода Г.  ҳайати кафедра пурра карда шуд.   

            Устодони кафедраи математикаи олӣ дар ҳаёти ДМТ нақши намоён доранд. Профессор Сафаров Ҷ.Х. солҳои 2001-2005 ба ҳайси ноиби аввали ректори донишгоҳ  фаъолият дошт. Дар давоми чандин солҳо вазифаи декани факултети  механикаю математика ба ӯҳдаи дотсентони кафедра буд: Мухторов С.Н. (1967-1980), Муртазоев Д.М. (1980-1982), Ғафуров Н.Ғ. (1985-1990), Ҷобиров А.Қ. (1996-2000), Зокиров С.Ҳ. (2007-2008).

           Дар кафедра аз рӯи як самт, як масоил ва 1 мавзуъ дар 7 фаслњо таҳкикотҳои илмӣ бурда мешавад. Семинари илмии кафедра фаъол мебошад. Аз соли 2020 инҷониб  дар кафедра таҳсил дар магистратура ва докторантура – доктор PhD ба роҳ монда шудааст. Саҳми олимони кафедра дар ҳайёти илмии кишвар назаррас аст. Онҳо иштирокчиёни анҷуманҳо, конгрессҳои математикони ҷаҳон, конфронсҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошанд. Барои таҳқиқотҳои илмӣ профессор Сафаров Ҷ.Х. соли 2001 соҳиби гранти Академияи илмҳои Шоҳигарии Шветсия, дотсентон Шукуров Ҳ.Р. соли 2003 ва Табаров А.Ҳ. соли 2010 соҳиби гранти Институти Ҷомеаи Кушода-Бунёди мадад гардиданд. Чанде аз устодони кафедра раис, котиби илмӣ ва  аъзои Шӯроҳои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз математика буданд. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат хизматҳои шоёни дар ҷодаи илму маориф кардаи профессорони кафедра Сафаров Ҷ.Х. ва Муртазоев Д.М. бо унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, Табаров А.Ҳ. бо ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ ва Сатторов А.С. бо як қатор  медалҳо ва ифтихорномаҳо қадр шудаанд.  

            Дар солҳои гуногун дар кафедра устодон В.Х. Тошбоев, Х. Нарзиев, О. Хосабеков,  И. Вафохоҷаев, А. Қозиев, Қ. Салимов, С. Гадоев, М.Ҳоҷибекова, М. Обидова, Г. Ҷангибеков, М. Чоршанбиева, Х. Раҷабов, Б. Раҳмонов  ва

дигарон фаъолият ва ҳамкорӣ кардаанд.

          Дурнамои кафедра дар солҳои оянда аз ҳадафҳои: равнақ ва тадбиқи методҳои инноватсионӣ дар раванди таълим; таҳияи барномаҳои таълимӣ, китобҳои электронӣ ва ташкили хазинаи электронии лексияҳо; таҳияи проектҳо ва барномаҳо ҷиҳати дарёфти грантҳо  ва дигар манбаҳои маблағгузорӣ; ташкил ва баргузории анҷуман ва конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ; тайёр намудавни кадрҳои ҷавон иборат аст.       Устодони кафедра дар тӯли солҳои 1971-2021 зиёда аз 450 мақолаҳои илмӣ, 40 китобҳои дарсиву васоитҳои таълимӣ, 310 маърӯзаҳоии илмӣ, 3 моногафияҳои илмӣ ва дигар маводҳои  методиро ба табъ расонидаанд.                                                          

          Имрӯз дар кафедра профессор Сатторов А.С., дотсентон Зокиров С.Ҳ., Камолиддинов Ҷ., Ниматов Ҳ., Шукуров Ҳ.Р., Холиқов А., Бобоёров Ш.К., н.и.ф.м. Шукурова Г.Н., ассистентон Ҳафизова М.Т., Рушанов Б.Н.,  Искандари Ҷ., Мирзоев Ҷ.А., Дадабоев П.А. ба таълим ва тарбияи насли ояндаи мутахассисон машғуланд.

            Ҳайати устодону кормандони кафедра барои боз ҳам баланд бардоштани мартаба ва обрӯи кафедра, мустаҳкам гардонидани заминаи илмиву таълимӣ ва барои дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушти илму маориф дар мамлакат, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи созандагиву ватандӯстӣ, идомаи анъанаҳои нек тамоми неруи илмиву ақлонии худро равона менамоянд, то ки кафедра беҳтару хубтар фаъолият намояд.

ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА

Ному насаб Вазифа Дараҷаи илмӣ Унвони илмӣ
Зокиров Сангалӣ Ҳикматович мудири кафедра номзади илмҳои физикаю математика  дотсент
Сатторов Абдумаънон Сатторович профессор доктори илмҳои физикаю математика профессор
Камолиддинов  Ҷамолиддин дотсент номзади илмҳои физикаю математика  дотсент
Ниматов Ҳаким дотсент номзади илмҳои физикаю математика  дотсент
Шукуров Ҳаидбой Расулович дотсент номзади илмҳои физикаю математика  дотсент
Холиқов Абдурозиқ дотсент номзади илмҳои педагогӣ  дотсент
Бобоёров Шавкат Кенљаевич дотсент номзади илмҳои физикаю математика дотсент
Шукурова Ганҷина Нарзиқуловна     муаллими        калон номзади илмҳои физикаю математика     муаллими        калон
Рушанов Баҳодур Ниматович ассистент        ассистент
Ҳафизова Мавҷуда Тулановна   ассистент     ассистент
Искандари Ҷумахон   ассистент     ассистент
Мирзоев Ҷунайдулло Абдуллоевич   ассистент     ассистент
Дадабоев Парвиз Абдусаломович   ассистент     ассистент