Муовини декан оид ба таълим

Мирзоев Шоди Ашурмадович 06.04.1984 дар деҷаи Хоҷағалтони ноҳияи Шурообод (ҳозира Шамсиддини Шоҳин), вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Аз 01.09.1990 ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ба номи Ҷумахон Икромов-и ноҳияи Шурообод рафта онро соли 2001 бо гувоҳномаи аъло хатм менамояд.  Инчунин аз 01.09.2004  ба факултети механика ва математикаи  Донишгоҳи Давлатиии миллии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда онро соли 2009 бо дипломи аъло ба итмом мерасонад.

Аз 01.01.2010 ба ҳайси аспиранти шӯъбаи рӯзонаи кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ ва механикаи факултети механикаю математикаи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қабул гардида, рисолаи номзадиашро дар муҳлати майяншуда ба итмом мерасонад.

Аз 01.09.2013 бо фармоиши ректори Донишгоҳи милли Тоҷикистон, дар кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ ва механикаи факултети механикаю математикаи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси ассистент ба кор қабул карда мешавад.               

Солҳои 2018-2022 ба ҳайси н.и.ф.м, муаллими калони кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ ва механика кор ва фаъолият намуда ҳамзамон тули ин солҳо вазифаи муовини декан оид ба корҳои тарбиявиро ба душ дошт.

Ӯ муаллифи ду васоити таълимӣ ва зиёда 20 мақолаю маърузаҳои илмӣ буда, ҳамасола бо маърузаҷои илмии худ дар конференсияҳои дохил ва хориҷи кишвар баромад мекунад.

Аз 1-уми сентябри соли 2022 то ҳол дар вазифаи мушовири академии дараҷаи аввали факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор ва фаъолият дорад.