ИШТИРОКИ ОЛИМОНИ ФАКУЛТЕТИ МЕХАНИКАЮ МАТЕМАТИКАИ ДМТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

92

Аз санаи 1-уми май то 4-уми майи соли ҷорӣ устодони кафедраи Таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои факултети механикаю математика, мудири кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо, д.и.ф.-м., профессор Раҷабова Лутфия Нусратовна ва н.и.ф.-м., муаллими калон Хушвахтзода Муҳидин Бурак дар конференсияи  байналмилалии илмии “Масъалаҳои муосири математикӣ ва компютерӣ” ва дар семинари илмӣ бо роҳбарии д.и.ф.-м., профессор Темиргалиев Нурлан Темиргалиевич дар факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Авруосиё бо номи Л.Н. Гумилёв дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуда бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Инчунин дар кафедраи Моделсозии математикӣ ва компютерии донишгоҳи мазкур профессор Раҷабова Л. Н. аз рӯйи тадқиқотҳои илмии хеш лексияҳо хонда, номбурдагон дар мизи мудаввар оид ба мавзуъи “Дурнамои рушди технологияи суперкомпютерҳо дар Қазоқистон” иштирок намуданд.