ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР ФАКУЛТЕТ

365

Маориф ниҳоди муқаддас, таҳкурсии асосии давлат ва ҷамъият ба шумор рафта, суннатҳои миллиро пойдор нигоҳ медорад ва беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароиро ташаккул медиҳад ва дар ҳама давру замонҳо илму маориф шахсро бо додани одобу ахлоқ ба қуллаҳои баланди илму маърифат расонида, нақши муассири худро дар ҳаёти ҷомеа ва давлат мегузорад.
Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд ва дар яке аз Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намуданд, ки “Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳалқаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд гардонем”.
Бо ин мақсад дар факултети механикаю математикаи ДМТ, корҳои таъмиру азнавсозӣ дар синфхонаҳо, роҳраву даҳлезҳо рафта истодааст. Мақсад аз таъмиру азнавсози ин дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва муҳайё намудани шароити хуби таҳсил барои донишҷӯён мебошад.