ТАЛАФОТИ БУЗУРГ ДАР ИЛМӢ ТОҶИК

206

Имрӯз 6 —уми июли соли 2022 олими шинохтаи тоҷик Юнусӣ Маҳмадюсуф Қамарзода дар синни 73-солагӣ аз олам дар гузашт.Аҳли устодону кормандони факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба оилаи устод изҳори таслият мекунад.Устод Маҳмадюсуф Қамарзода мутахассиси варзидаи соҳаи моделсозии математики равандҳои ғайрихаттӣ дар физика, биология ва иктисодиёт буда, соли 1970 факултети механикаю математикаи донишгоҳи давлатии Москавро хатм намудааст. Муаллифи зиёда аз 250 асари илмию методӣ, аз ҷумла китобҳои дарсии «Методҳои оптимизатсия», «Тадқиқи амалиёт», «Ҷамъиятҳои намунавии математика» ва монографияҳои «Назорати оптималӣ дар баъзе равандҳои гармигузаронӣ», «Моделҳои математикии муборизаи зидди ҳашароти зараррасони агросенозҳо», «Иқтисодиёти намунавӣ » мебошад.Аз соли 1993 то лаҳзаҳои охирини ҳаёт профессори кафедраи информатикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.