СЕМИНАРИ ИЛМИИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ҲИСОБАРОРӢ ВА МЕХАНИКА

553

25-уми ноябри соли 2021 дар факултети механикаю математика семинари илмии кафедраи математикаи ҳисобарорӣ ва механика барпо гардид.Дар семинар ғайр устодони кафедраи номбурдашуда , донишҷӯёни курсҳои болои тахассуси математикаи амалӣ ва механика иштирок доштанд.Ин ҷо бо маърӯзаи илмии яке аз дастпарварони факултет номзади илмҳои физикаю математика , дотсент Абдукаримов Маҳмадсалим Файзуллоевич баромад кард.Ногуфта намонад, ки ӯ аз натиҷаҳои илмии солҳои охир ба даст овардааш нақл кард. Аз ҷумла, ӯ аз донишҷӯён дархост кард , то монографияе ки чоп кардааст онҳо шинос шаванд ва шавқ пайдо кунанд, баъзе корҳои дар онҷо ишора шударо ҳал намоянд.

Семинар ба дараҷаи хуби илмӣ методӣ гузаронида шуда, хусусан барои донишҷӯён муфид буд.

Бояд қайд кард, ки Абдукаримов М.Ф. аз рӯи натиҷаҳои илмии худ ба ҷоизаи Исмоили Сомонӣ мушарраф гардидааст.