РУШДИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ – КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ПИСАНДИДА

266

Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад.

Зиёда аз ҳазор сол мешавад, ки ин байти пири хирад, Ҳаким Фирдавсӣ заррае қурбу қимати худро гум накардааст, балки рӯз то рӯз ба худ аҳамияти тозае касб мекунад. Воқеан, ҷомеае, ки дар он илму ҳикмат қадру қимат дорад, ба олим эҳтиром қоиланд ва шароит барои рушди илму дониш муҳаё аст, дар арсаи олам ҷойи муносибро ишғол мекунад ва ҳар замон ба дастовардҳои нав ба нав ноил мегардад. Аз ин хотир, ба мо зарур аст, ки дар оммавӣ гардонидани илму дониш саъй намоем ва ҳарчи бештар ҷавононро ба омӯзиш ҷалб созем. Зеро ҷавонони донишманд дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ қувваи бузург ба ҳисоб мераванд.

Илова бар ин, насли босавод кафили мустаҳкамии пояҳои давлат аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ буда метавонад.

Чуноне медонем, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул гардидааст, ки он барои таъмини устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатпазирии он заминаи мусоид мегузорад. Дар ин замина ҳамарӯза корхонаҳои хурду миёна ва бузурги истеҳсолӣ сохта ба истифода дода мешаванд, ки барои ба таври самаранок ба роҳ мондани кори онҳо мутахассисони варзида ва ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ лозим ҳастанд.

Аз ин хотир аст, ки масъалаи омода кардани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯи соҳаҳои илмҳои дақиқ, хусусан математика дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон қарор дорад. Дар воқеъ, маҳз мутахассисону олимони варзида метавонанд тавассути дастовардҳои илмиашон чархи тараққиёти ҷомеаро ба гардиш дароранд.

Тавре огоҳ ҳастем, дар Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26 декабри соли 2019) солҳои 2020-2040 бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардида буд (дар заминаи ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1445 аз санаи 31-уми январи соли 2020 ба имзо расидааст). Пас аз ин иқдоми нек як қатор корҳои муҳим анҷом дода шуданд, ки ташкил ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва таъсис гардидани Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз қабили онҳоянд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳар як муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» тартиб дода шуда, дар заминаи он чорабиниҳои сатҳашон гуногун баргузор карда мешавад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксари чорабиниҳои илмӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ характери назариявӣ доранд, чунки дар онҳо ба таври одат танҳо олимони соҳа ширкат меварзанд. Барои барқарор кардани робита байни илм ва истеҳсолот моро зарур аст, ки дар чорабиниҳои илмӣ намояндагони корхонаҳои саноатиро даъват кунем ва онҳоро бо натиҷаҳои илмии худ ошно намоем. Онҳо дар навбати худ бояд дар назди олимону мутахассисони ин ё он соҳа масъалаҳои худро гузоранд ва барои ҳалли онҳо грантҳои хурд таъсис диҳанд. Аммо мутаасифона, то имрӯз чунин иқдом аз ҷониби соҳибкорон қариб ба назар намерасад.

Таърихан назар кунем, кам иттифоқ афтодааст, ки олимони назариядон натиҷаҳои худро дар амал бо дасти худ татбиқ карда бошанд. Дар аксари мавридҳо барои онҳо амалия масъала пешниҳод кардааст ва ин боиси рушди илм ва ҳатто пайдо шудани равияҳо ва шохаҳои нави илмӣ гардидааст. Аз ин лиҳоз, робитаи байни олимон ва намояндагони корхонаҳои саноатӣ бояд бо ҳар роҳу восита мустаҳкам карда шавад. Олимон ба семинарҳо, мизҳои мудаввар ва конференсияҳои илмӣ бояд намояндагони амалияро таклиф кунанд, то ки масъалагузорӣ маҳз аз ҷониби онҳо сурат гирад. Бо як ибора метавон гуфт, ки намояндагони амалия бояд худ барои бо илм алоқаманд кардани истеҳсолот таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамасола аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар, инчунин дар пояи ин ё он муассисаи таҳсилоти олӣ бо мақсади кашфи ҷавонони болаёқат озмуну олимпиадаҳои сатҳашон гуногун гузаронида мешавад, ки инро метавон падидаи нек арзёбӣ кард. Солҳои охир ғолибони чунин олимпиадаҳо, дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок карда, шарафи миллатро ҳимоя мекунанд, ки боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад. Аммо масъалаи пас аз кашфи чеҳраҳои донишманд ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб кардани онҳо ҳамоно бениҳоят муҳим ва мубрам боқӣ мемонад. Ҳар ҷавоне, ки иштирокчии олимпиада ҳаст, аллакай барои анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ омода аст ва бинобар ин аз ӯ кадри болаёқат рӯйи кор меояд. Аммо баъзан мебинем, ки ин гуна ҷавонони боистеъдод роҳи илмро интихоб намекунанд ва аз роҳи идома додани таҳсил дар риштаҳои болоӣ сарфи назар мекунанд. Аз ин рӯ, мо бояд ба ҳар роҳе, ки набошад, барои ҷалби ҷавонони боистеъдод ба корҳои илмӣ ва ҳавасманд гардонидани онҳо чораҳои судманд биандешем.

Яке аз роҳҳои бисёр муфиди омода кардани ҷавонони болаёқат, ки ҳамчун мутахассиси варзида ва рақобатпазир метавонанд дар саҳнаи ҳаёт истодагарӣ кунанд, равон кардани онҳо барои идомаи таҳсил ва ё коромӯзӣ ба хориҷи кишвар мебошад, ки дар ин самт низ бояд корҳо қувват бахшида шаванд.

Ҳамин тариқ, омода кардани кадрҳои рақобатпазир ва муносиби соҳаи илмҳои дақиқ барои бозори меҳнат тақозои замон мебошад ва бинобар ин бояд ҳар як нафаре, ки ба соҳаи илму маориф сару кор дорад, бояд саҳми худро вобаста ба имконоте, ки дар ихтиёри ӯ ҳаст, ба таври аҳсан гузорад. Зеро пӯшида нест, ки рушди илмҳои дақиқ боиси ба вуҷуд омадани мутахассисҳои замонавӣ мегардад ва ба ин васила самаранокии кори корхонаҳои саноатӣ бештар мешавад ва ин бе чуну чаро кафили сохтани як зиндагии писандида барои ҳар як фарди кишвар мебошад. Ҳар як соҳа ҳамон вақт пеш меравад ва самар медиҳад, ки дар он илмҳои дақиқ, алалхусус математика татбиқи худро пайдо кунад. Бинобар ин, ба омӯзиши фанҳои дақиқ бояд таваҷҷуҳи бештар диҳем ва барои татбиқи дастовардҳои ин илмҳо заминаҳои мусоид фароҳам орем.

Исмоил Қосимов – декани факултети механикаю математика, н.и.т., дотсент;

Маҳмадсалим Абдукаримов – иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ ва механика, д.и.ф.м., дотсент