Рӯзи 20.10.2022 соати 09.00 дар факултети механикаю математикаи Донишгоҳи милии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмию-амалии «Масъалаҳои муосири математика ва тадбиқи он» гузаронида шуд. Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшид. Баъд аз он бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон номзади илмҳои техникӣ, дотсент Қосимов Исмоил Латипович баромад кард. Дар қисмати пленарии конфронс меҳмон аз Донишгоҳи милии европоию- осиёи миёнагии Ҷумҳурии Қазоқистон н.и.-ф.м., Нуртазина К ва Муразбекова Г.У, аз Донишгоҳи давлатии Қарақалпокистони Ҷумҳурии Узбекистон д.и.-ф.м., профессор Отарова Ж.А ва инчунин аз Тоҷикистон академики АМИТ д.и.-ф.м, профессор Раҷабов Н., профессор Нуров И.Дж., профессор Шамсуддинов Ф.М. ва профессор Раҷабова Л.Н. бо маърӯзаҳои худ баромад карданд. Баъд аз он, аз рӯи барномаи конфронс, маърӯзачиён аз соати 14-00 маърӯзаҳои худро дар сексияҳо давом доданд.

212