ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

424

Даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии илм-Фурӯғи маърифат санаи 20.11.2021 дар Муассисаи давлатии Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид, ки дар он муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссияи даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур Сатториён Матлубахон Амонзода баромад намуда, ҳамаи ғолибонро табрик намуд. Мавсуф оид ба ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат ибрози ақида намуда, вобаста ба дастовардҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ суханҳо намуданд. Ҳамзамон, ёдовар мешавем, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур аз шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои тобеи марказ 350 нафар довталабон иштирок намуданд, ки аз ин шумора 75 нафар ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки аз 75 ҷойи ифтихорӣ 45 ҷойро довталабони шаҳри Душанбе ишғол намуданд, ки аз ин шумора 13 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 30 нафар донишҷӯён ва 2 нафар ходимони илм мебошанд.

Дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ сазовори ҷойи аввал гардид. Озмуни мазкур миёни устодону кормандон, донишҷӯён ва аспирантону докторантон аз рӯйи номинатсияи математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, анатомия), технологияҳои иттилоотӣ, география ва ихтироъкорӣ (миёни донишҷӯёну устодон) доир гардида, дастаи ДМТ бо ишғоли чордаҳ ҷойи ифтихорӣ сазовори ҷойи аввал гардид. Миёни факултетҳои мазкур факултети механикаю математика аз ҳама ҷоизаи бисёро соҳиб шуд , ки сазовори 2 ҷойи аввал ,2 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм гардиданд.