ҒОЛИБОНИ ИНТЕРНЕТ-ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АЗ ФАННИ МАТЕМАТИКА МУАЙЯН ШУДАНД

271

Тавре иттилоъ дода будем, аз 23 – юми ноябр то 25 – уми ноябри соли 2023 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи факултаи механикаю математика, Интернет-Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика, бахшида ба энсиклопедисти машҳури форсу тоҷик Умари Хайём баргузор гардид. Дар он донишҷӯёни донишгоҳҳои олии 7 кишварҳои иттиҳоди давлатҳои мустақил: Тоҷикистон Русия, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон, Белорус ва Қирғизистон иштирок намуданд.

1. аз Федератсияи Русия 51 донишгоҳ;

2. аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 донишгоҳ;

3. аз Ҷумҳурии Белорус 10 донишгоҳ;

4. аз Ҷумҳурии Қазоқистон 3 донишгоҳ;

5. аз Ҷумҳурии Қирғизистон 1 донишгоҳ;

6. аз Ҷумҳурии Туркманистон 2 донишгоҳ;

7. аз Ҷумҳурии Узбекистон 2 донишгоҳ.

Дар маҷмӯъ 163 нафар донишҷӯ иштирок намуда,ҷойҳои муайянро сазовор гардиданд. Ҷойи якум 6-нафар, ҷойи дуюм 11 нафар ва ҷойи сеюм 13 нафар.

Ғолибият муборак шавад!

(Номгӯйи ғолибон бо забони русӣ пешниҳод мегардад)