МАМАДШО ИЛОЛОВ РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ.

385

МАВЛУДИ УСТОДИ АЗИЗ ХУҶАСТА БОД!МАМАДШО ИЛОЛОВ РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ.

Дар ин рӯзи фирӯз яке аз математики барҷастаи тоҷик академики АМИТ, собиқ Президентии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва собиқ вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадшо Илолов солрӯз доранд.Ба ин муносибат соҳибҷашни гиромиро аз номи Садорат ва иттифоқи касабаи устодон ва кормандони факултети механикаю математика сидқан табрику таҳният намуда, баҳрашон тансиҳатии комил, рӯзгори шоду хонадони обод ва барору комёбиҳои касбиро хоҳонем.Воқеан устоди иззатманд дорои мактаби бузурги илму ирфон буда, ҷиҳати рушди илми тоҷик корҳои назаррас намуда, шогирдони зиёде ба камол расонидаанд.Устод гиромӣ сани 14.03.1948 дар ноҳияи Шуғнони Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадаанд.Тӯли ҳаёт дар баробари ба соҳаи риёзиёт машғул будан, боз дар мақомотҳои баландпояи давлатӣ фаъолият намуда, ҳаёти худро ба хизмати халқу ватан бахшидаанд. Солҳои 2005-2013 дар вазифаи Президентии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, барои инкишоф ва муаррифии илми тоҷик ба ҷаҳониён корҳои назаррасе карда, чандин маротиба соҳиби ҷоизаҳои давлатӣ ва байналмиллалӣ гашта, дар конференсияҳои байналмиллалӣ ширкат карда, аз номи Тоҷикистон баромад намудаанд. Боиси ифтихор аст, ки мо точикон чунин олимони барҷаста дорем ва ҷаҳониён мешиносанд. Насли имрӯз метавонад, симои чунин олимони барҷастаро ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои риёзиёт ҳамчун идеал пазируфта, дар самти омӯзиши математика бо шавқу завқи баланд машғул шаванд.Соли 1970 Донишгоҳи давлатии Воронежро хатм намуд. Доктори илмҳои физика ва математика (1992), проф. (1994), академик (2005, ихтисос – «математика»), узви вобаста (1997).Узви хориҷии АМИ Ҷумҳурии Қазоқистон (2005). Узви хориҷии АИ Ҷумҳурии Исломии Эрон. Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: назарияи муодилаҳои дифференсиалӣ ва татбиқи онҳо, назорати оптималӣ, таърихи илм.Муаллифи зиёда аз 400 асарҳои илмӣ, аз ҷумла 4 монография, 5 брошура.Ассистент, муаллими калон, доцент, докторанти Донишгохи давлатии Тоҷикистон (1970-1990), роҳбари шӯъбаи таҳқиқотии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1990-1991), сардори шуъбаи илм ва нашриёти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тотористон (1991-1992), ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ (1992-1995), раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995-2003), Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003-2005), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005-2013), Директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014 – август 2019) . Августи 2019 – мудири шуъбаи моделсозии протсесҳои динамикии Марказ.Бо ордени Шараф дараҷаи 1, медали «10 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.Бо ордени Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), медали Пушкин (Россия) сарфароз гардидааст.