ДАСТУРУ СУПОРИШҲО БОЯД БА ПУРРАГӢ ИҶРО ШАВАД…

144

Бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ бо иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон силсилавохӯриҳои ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Акнун, богузашти нимсолаи таҳсил силсилавохӯриҳои навбатӣ таҳия ва гузаронида мешаванд.

Имрӯз (25.09.2023) баҳри натиҷагирӣ аз вохӯриҳои қаблӣ тибқи нақша суҳбати судманди ректори донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандони факултети механикаю математика доир гардид.

Ибтидо, ректори донишгоҳ ба мутасаддиёни факултет дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои як қатор санаду қонунҳои миллӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои гуногуни фаъолияти факултети мазкур, аз ҷумла татбиқи бандҳои нақшаи чорабиниҳо баҳри «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ”, омода намудани мутахассисони донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, таҳияи дастуру китобҳои таълимӣ, ташкили семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки меҳмонони хориҷӣ, иштироки фаъоли донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дифоъи рисолаҳои илмӣ, ҷалби ҷавонон ба пажӯҳиши илмӣ, фаъолияти таҷрибаомӯзӣ, ҷоннок намудани ташкилотҳои ҷамъиятӣ мавридим баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимнан таъкид шуд, ки аз вохӯрии қаблӣ то вохӯрии навбатӣ дар факултет навгониҳо зиёд ба чашм мерасанд, аммо ҳалли баъзе масъалаҳо, аз қабили ҳимояи рисолаҳои илмӣ, иштирок дар чорабинию озмунҳои байналмилалӣ, ҷалби олимони хориҷӣ ва анҷоми корҳои инноватсионӣ тадбирҳои саривақтиро мехоҳанд.

Ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки ҷиҳати боз ҳам хубтар фаъолият намудани сохторҳои таркибии факултет (кафедраҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ) садорат чораҳои амалӣ андешида, мушкилиҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳои факултетивӣ мунтазам мавриди баррасӣ қарор дода шаванд ва дастуру супоришҳо зери назорати қадъӣ қарор гирифта, сари вақи иҷро шаванд.