Баромади меҳмони Арабистони Саудӣ Diego Aguiar Gomes ва Jose Miguel Urbano дар факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

194

Дар санаи 3-юми ноябри соли 2022 дар факултети механикаю математикаи ДМТ семинари навбатии илмӣ-амалӣ шуда гузашт. Дар семинар ду нафар профессорони давлати Арабистони Саудӣ, Diego Aguiar Gomes ва Jose Miguel Urbano аз Донишгоҳи илм ва технологияҳои ба номи шоҳ Абдулло иштирок доштанд.

Сухани ифтитоҳиро декани факултет н.и.-т, дотсент Қосимов И.Л. ҳусни оғоз бахшида, пазирӯии меҳмононро ба даргоҳи факултети механикаю математикаи ДМТ хайрамақдам намуд. Баъд аз он сухан ба профессор Diego Aguiar Gomes дода шуд. Меҳмон дар мавзӯи «Актуальные иследования в области частных дифференциальных уровнений» баромад намуд. Баромади меҳмон  дар 45 дақиқа ба итмом расид ва бо забони англисӣ баромад намуд. Баъди ба итмом расидани баромад, профессорон Илолов М., Шабозов М.Ш., Раҷабов Н., Нуров И.Д. ва дигаро бо меҳмон дар доираи мавзӯи илмӣ ба забони англисӣ сӯҳбати озод намуданд. Пас аз он профессор Jose Miguel Urbano аз рӯи мақолаи илмияш 30 дақиқа баромад намуд. Баъд аз баромад бо ҳайати профессорони факултети механикаю математика сӯҳбати озоди илмӣ карда шуд. Пас аз ба анҷом расидани семинари илмӣ, меҳмонон бо ҳайати профессорони факултети механикаю математика сӯҳбати озод намуда, дар охир расми хотиравӣ гирифтанд. Меҳмонон аз қабули меҳмондустонаи аҳли колективи факултети механикаю математикаи ДМТ хелоҳам хурсанд шуданд. Дар охир баҳри ҳамкори байни Донишгоҳи илм ва технологияҳои ба номи шоҳ Абдулло давлати Арабистони Саудӣ ва факултети механикаю математикаи ДМТ як қатор пешниҳодҳои судманди дутарафа карда шуд.