Домой Блог
Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҳамасола 27 июн таҷлил мегардад. Ин ид барои мардуми тоҷик ва тоҷикистониҳо бисёр муҳим аст, зеро он рамзи муттаҳидшавии қавму миллатҳои гуногун дар ин кишвар аст.Шароити таърихии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба ҳодисаҳои солҳои 90-уми қарни гузашта, ки Тоҷикистон ҷанги дохилиро пушти сар мекард, иртибот дорад. Он замон дар натиҷаи низоъ бисёр...
Санаи 19.05.2023 донишҷӯёни факултети механикаю математика, физика, геология ва биология дар якҷояги семинари илми назарияви дар мавзуи " Терориз экстремизм ва радикализми дини" бо иштироки дотсенти факултети таърих мудири кафедра Ғуломов Тоҷиддин баргузор гардид.
Санаи 14.12.2022 дар факултети механикаю математикаи ДМТ дарси кушоди омӯзгори калони кафедраи информатика номзади илмҳои педагогӣ Тағоев Шамсулло Хурсандович дар мавзӯи "Canvas Дар забони юарномасозии JS" баргузор гардид.
Санаи 12.12.2022 соати 9-00, дар факултети механикаю математикаи ДМТ дарси кушоди дотсенти кафедраи информатика Мирзоев С.Х.,дар мавзӯи "Работа с файлами в Python" баргузор гардид.
Санаи 03.12.2022 дар факултети механикаю математикаи ДМТ бо иштироки устоди факултет муносибатҳои байналхалқӣ ,кафедраи минтақашиносии хориҷӣ,номзади илмҳои сиёсатшиносӣ,дотсент Мамадазимов Абдуғанӣ ва устодону донишҷӯёни факултет дар ҳошияи мақолаи Абдуллоҳи Раҳнамо “МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТАҶОВУСГАР НЕСТ?” мизи мудавар баргузор гардид.
Дар замони муосир рушди устувори соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар бевосита ба пешрафти илм, таҳкими иқтидори зеҳнӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ вобастагии амиқ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва мулоқотҳои худ бо аҳли илм ва маориф пайваста ба масъалаи боло бурдани сатҳу сифати таҳқиқоти илмӣ...
Имрӯз (08.01.2026) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳ дар сатҳи баланд доир гардид, ки дар он як масъала: ҳисоботи ректори Донишгоҳ оид ба натиҷаи фаъолияти устодону кормандони Донишгоҳ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ҷаласа сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи...
Имрӯз, тибқи талаботи барномаи комиссияи экспертӣ, гурӯҳи кории комиссияи экспертӣ барои гузаштани ихтисоси 1-31030400- информатика аз аккредитатсияи байналмилалӣ ба факултети механикаю математика ташриф оварданд.
Ёдовар мешавем, ки 11 ихтисоси Донишгоҳ — баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит, менеҷмент, иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, журналистика, тадқиқоти геологӣ, иктишофи геологӣ ва конҳои фоиданок, информатика, забонҳои муосири хориҷӣ...
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, вохӯрии навбатии сарпарасти Донишгоҳ аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Қурбонов бо донишҷӯёни курсҳои чоруми факултетҳои физика, биология, геология ва механикаю математикаи Донишгоҳ баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳимми таълиму тарбия ва масъулияти шаҳрвандӣ...
Парчам яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи ягонагиву ваҳдати ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Барои миллати тоҷик низ Парчами давлатӣ дорои арзиши бузурги таърихӣ, сиёсию фарҳангӣ ва маънавист. Шиори пурифтихор "Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!", ки аз забони ҳар фарди ватанпарвар садо медиҳад, ифодагари муҳаббат ба Ватан, арҷгузорӣ ба истиқлол ва ифтихори миллӣ мебошад.
Марҳилаи муосири рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодӣ, ки бо суръати назарраси илму техника алоқамандӣ дорад, ташаккули иқтисоди рақамиро дар заминаи самаранок истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) пешбинӣ менамояд. Низоми муосири иқтисодӣ, ки имрӯз дар он равандҳои асосӣ бо технологияҳои рақамӣ асос ёфтаанд, имкониятҳои нав барои рушд, инноватсия ва самаранокиро фароҳам меорад. Дар ин замина, аҳаммияти татбиқ ва истифодаи...
Субҳи имрӯз (27.09.2025) бо ҷалби устодону кормандони факултети механика ва математикаи ДМТ машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардиданд, ки дар он устодон, кормандон ва намояндагони Шуъбаи кор бо ҷавонон фаъолона ширкат варзиданд. Ҳамчунин, устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш низ иштирок намуданд.
Ин иқдом, ки бо ташаббуси Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ гузаронида...




















