ВИДЕОКОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ “20-СОЛИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ (СҲШ): АЗ ФОРУМИ МИНТАҚАВӢ ТО ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНӢ”

328

Рӯзи  20 августи соли 2021 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси Нақша-чорабинии асосии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ барои солҳои 2020-2021 бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ видеоконференсияи  байналмилалӣ  таҳти унвони  “20-соли Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ): аз форуми минтақавӣ то эътирофи ҷаҳонӣ”-ро  баргузор намуд.

Дар ҳамоиш чунин масъалаҳо мавриди баррасӣ ва арёзбӣ қарор гирифтанд:

  1. СҲШ: 20 соли  комёбӣ ва дурнамои ҳамкориҳо;
  2. Нақш СҲШ дар  таҳкими муносибатҳои ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳо дар минтақа;
  3. СҲШ ва дурнамои амнияти минтақавӣ;
  4. Таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои узви СҲШ дар соҳаҳои тиҷорат, молия ва сармоягузорӣ;
  5. Густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ дар  чорчӯбаи ҲСШ;
  6. Рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, фарҳангу  илм дар  доираи СҲШ.

Видеоконференсияро бо сухани табрикӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни  нишастро хайрамақдам гуфт.

Сипас намояндагони  ёздаҳ кишвари ҷаҳон, аз ҷумла ҳамоҳангсози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ Аҳмад Саидмуродзода,  Котиби генералии СҲШ Владимир Норов, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, собиқ Котиби генералии СҲШ (солҳои 2016–2018) Рашид Алимов, директори Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Чжан Чжи,  директори Маркази таҳқиқоти Осиёи Шарқ ва СҲШ-и Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москваи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия  Александр Лукин, муовини директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Санҷар Валиев, директори Пажӯҳишгоҳи миллии таҳқиқоти стратегии Ҷумҳурии Қирғизистон Уран Ахметов, муовини директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Санат Кушкумбаев, раиси иҷроияи Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон Холид Маҳмуд, муовини директори генералии Шӯро оид ба корҳои байналмилалии Ҷумҳурии Ҳиндустон Сумен Багчи суханронии табрикӣ намуданд.

Бахши аввали ҳамоиш дар мавзӯи “20 соли Созмони Ҳамкории Шанхай: таҷрибаи нодири  муносибатҳои ҳамҷаворӣ ба хотири дӯстӣ ва таъмини амнияти умумӣ” таҳти раёсати директори Маркази таҳқиқоти геосиёии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Гузел Майтдинова  баргузор гардид. Дар он муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода дар мавзӯи “Нақши СҲШ дар қаринаи ҳалли буҳрони Афғонистон”, директори Маркази таҳқиқоти Осиёи Шарқ ва Созмони Ҳамкории Шанхайи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москваи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия  Александр Лукин дар мавзӯи “СҲШ дар Авруосиёи бузург”, директори Маркази таҳқиқоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидмуҳаммад Козим Саҷҷодпур дар мавзӯи “СҲШ ва табдили яквақтаи амудӣ ва уфуқии муносибатҳои байналмилалӣ”, ноиби Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Жун Ин дар мавзӯи “СҲШ ва дурнамои амнияти минтақавӣ”, муовини директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Санат Кушкумбаев дар мавзӯи “СҲШ ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО): зарфияти тиҷоратию иқтисодии ҳалли мушкилоти амният дар Осиё”,  директори Департамент оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва муқобилат алайҳи таҳдид ва хатарҳои Кумитаи иҷроияи СҲШ Александр Буров дар мавзӯи “Масъалаҳои ҳамкориҳои ИДМ, СҲШ ва СААД дар соҳаи таъмини амнияти минтақавӣ”, сардори Шуъбаи ҳамкориҳои ҳаматарафа ва таҳдидҳои глобалии Раёсати сиёсати хориҷии Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии Ҷумҳурии Беларус Юрий Ярмалинский  дар мавзӯи “Тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи судманди Ҷумҳурии Беларус ва СҲШ чун афзори самараноки миллии “гардиш дар Осиё”, сардори Шуъбаи Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Амир Салямов дар мавзӯи “СҲШ ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ”, ходими илмиии Шӯро оид ба корҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Ҳиндустон Озар Зафар дар мавзӯи “СҲШ пас аз 20 сол: нақши болоравандаи ҳамкориҳои минтақавӣ” маърӯза карданд.

Бахши дуюми ҳамоиш дар мавзӯи “20 соли СҲШ: уфуқҳои нави ҳамкориҳои минтақавӣ”  таҳти раёсати муовини директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Санҷар Валиев доир гардид. Дар он директори Маркази таҳқиқоти Авруосиёии Донишгоҳи таҳқиқоти байналмилалии Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин  Ян Чэн дар мавзӯи “Рӯзномаи нави СҲШ дар ҷаҳони парешон: нигоҳи Чин”, директори Пажӯҳишгоҳи Шарқи Дури Академияи илмҳои Федератсияи Русия Алексей Маслов дар мавзӯи “Шаклҳои нави ояндадори ҳамкориҳо дар соҳаи илму маориф”,  директори Маркази таҳқиқоти геосиёии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Гузел Майтдинова дар мавзӯи “Нақши СҲШ дар густариши  ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ: самтҳои амалҳои муштарак ва дурнамо”, мушовири аршади Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон Ахтар Навоз Ҷунҷуа дар мавзӯи “СҲШ ва дурнамои амнияти минтақавӣ”, мушовири аршади Маркази таҳлили муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Озарбойҷон Нагӣ Аҳмадов дар мавзӯи “20 соли СҲШ: нигоҳ аз Озарбойҷон”, роҳбари дастгоҳи Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва сиёсати Фонди Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Лидия Пархомчик дар мавӯи “СҲШ чун механизми самараноки амният дар Авруосиё“, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи миллии таҳқиқоти  стратегии Ҷумҳурии Қирғизистон Азамат Омурқулов дар мавзӯи “Зарфият ва дурнамои инкишофи СҲШ дар соҳаи амният”, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Чин Сун Ли дар мавзӯи “Ҳамкориҳо дар соҳаи амният дар чаҳорчӯби СҲШ”, намояндаи Котиботи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ  Илёс Шабданов дар мавзӯи “Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ: таҷрибаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм”, мудири кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фаррух Салимов дар мавзӯи “СҲШ ва масъалаҳои таҳкими амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ”  ва дигарон суханронӣ намуданд.

Иштирокчиёни ҳамоиши илмию амалии байналмилалӣ андешаҳои худро пиромуни маърӯзаҳои ироашуда  иброз намуда, вазъ ва дурнамои рушди минбаъдаи фаъолияти СҲШ-ро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд. Инчунин, ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот ва расонидани кумакҳои ҳамдигарӣ ба мақсади бартарафсозии оқибатҳои ногувори иҷтимоӣ, иқтисодии пандемия, муборизаи дастаҷамъӣ ба муқобили терроризму ифтрогароӣ дар минтақа, мустаҳкам намудани ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои сиёсиву амниятӣ, иқтисодиёту тиҷорат, амалисозии самарабахши зарфияти иқтисодӣ, транзитию нақлиётӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва сайёҳии давлатҳои узви СҲШ-ро таъкид намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки СҲШ то 15 июни соли 2001 бо номи “Панҷгонаи Шанхай” ёд мешуд, ҳамчун ташкилоти бонуфузи минтақавӣ дар заминаи  таҳкими эътимоду боварӣ ва коҳиши неруҳои низомӣ дар манотиқи сарҳадии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон арзи ҳастӣ карда, минбаъд фарогири масъалаҳои умдаву ҷиддии ҳаёти рӯзмарраи  аҳолии ин давлатҳо гардид. Бо дарназардошти вазъи воқеии корҳо, сарварони давлатҳо тасмим гирифтанд, ки дар заминаи “Панҷгонаи Шанхай” бо сохтори бештар мукаммал, ки битавонад Чин, Русия ва тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро дар созмони ягонаи минтақавӣ муттаҳид кунад, иқдом намоянд. Барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда, комиссияи муштараки байниҳукуматӣ таъсис ёфт, ки корҳои зиёди машваратиро анҷом дод.

Дар санаи 25 августи соли 1999 дар шаҳри Бишкек ҳамоиши чаҳорумини “Панҷгонаи Шанхай” баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш тасмим гирифта шуд, ки  ташаббуси доир намудани нишасти панҷумини сарварони давлатҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шавад. Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Панҷгонаи Шанхай” аз моҳи сентябри соли 1999 то июли соли 2000 идома ёфт.

Мулоқоти сарварони давлатҳои “Панҷгонаи Шанхай”, ки 5 июли соли 2000 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, рӯйдоди таърихии дорои аҳаммияти хос гардид. Дар Душанбе ба “Панҷгонаи Шанхай” номи “Форуми Шанхай”-ро доданд. Маҳз ҳамин қарори дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда асоси таъсисёбии СҲШ гардид.

Ҳамин тариқ, пешниҳод дар бораи табдили “Панҷгонаи Шанхай” ба созмони байналмилалии минтақавӣ, ки ҳоло бо номи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) маъруф аст, дар Тоҷикистон ба миён гузошта шуд. Дар  Эъломияи Душанбе аз соли 2000-ум ғояҳои бунёдии ҳадафҳо, вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти созмони ояндаи бонуфузи минтақавӣ–СҲШ, ки имрӯз дар воқеияти сиёсии ҷаҳонӣ сазовори ҷойгоҳи арзишманд шудааст, гузошта шуда буданд.

Дар санаи 15 июни соли 2001 дар шаҳри Шанхай саммити сарварони давлатҳо баргузор гардид ва дар он Эъломияи муштарак дар бораи пайвастани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба “Панҷгонаи Шанхай” қабул карда шуд ва Эъломия дар бораи таъсиси СҲШ ба имзо расид. Ҳамин тавр, яке аз сомонҳои бонуфуз ва пуриқтидори ҷаҳонӣ ташкил ёфт, инак, аз таъсиси ин он  бист сол пур шуд.

Айни замон СҲШ аз ҳашт давлати узв (Чин, Русия, Қазоқистон, Ҳиндустон, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон) чаҳор давлати нозир (Афғонистон, Беларус, Эрон, Муғулистон ва шаш давлати  шарикони  муколама  (Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия, Шри-Ланка) иборат мебошад. СҲШ, ки қаламрави бузург ва доираи васеи ҳамкориҳои минтақавиро дар бар мегирад, шакли нави ҳамкории давлатҳои аз нуқтаи назари сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ  гуногун ба шумор меравад. Масоҳати умумии давлатҳои узви СҲШ тақрибан 34, 3 млн. км. мураббаъ ва ҷамъи аҳолии онҳо беш аз 3,6 млд. нафар ё 43,8 дарсади аҳолии умумии ҷаҳонро ташкил медиҳад.

Дар мавриди фаъолияти СҲШ дар ин давра ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудаанд: “Бист соли фаъолияти СҲШ, ки ба як давраи хеле мураккаби муносибатҳои байналмилалӣ рост омад, нишон дод, ки ин созмон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ба як неруи воқеӣ табдил ёфтааст.

         Кишварҳои узви СҲШ дар ҳаллу фасли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ ба сатҳи баланди ҳамкорӣ ва эътимод ноил гаштанд. Мулоқотҳои ҳарсола дар сатҳҳои гуногун имкон медиҳанд, ки на танҳо мушкилоти рӯзмарра ҳал карда шаванд, балки дар ҷаҳони зуд тағйирёбанда низ чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Ин ҳама нишон медиҳад, ки СҲШ, ки дар саргаҳи таъсиси он давлати мо низ ҳузур дошт, дар ҳақиқат сохтори хеле ояндадори ҳам миқёси минтақавӣ ва ҳам ҷаҳонӣ мебошад”.  (“20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ”. Мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ дар соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон.  АМИТ “Ховар”, 15. 06. 2021).   

Видеоконференсияи байналмилалиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ  натиљагирї ва љамъбаст карда,  изҳори боварӣ намуд, ки нишасти илмию амалии имрӯза барои  рушду  тавсеаи ҳамкориҳои судманд байни кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай  (СҲШ)  мусоидат хоҳад кард.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда  доир гардид.

Хадамоти  матбуотии  Маркази

тадқиқоти стратегии

назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

www.mts.tj