Ҳуши маснуъӣ ё зеҳни сунъӣяке аз муҳимтарин технологияҳои замони муосир ба ҳисоб меравад, ки дар тули чанд даҳсола тавонист тамоми соҳаҳои ҳаётро фаро гирад. Аз ёварони рақамӣ то системаҳои тиббӣ ва технологияҳои саноатӣ, ҳуши маснуъӣ дар ҳама ҷо мавқеи устувор пайдо кардааст. Вале, ин пешрафт бо худ фоидаҳо ва мушкилоти нави худро низ ба миён меорад.
Ҳуши маснуъӣ (AI-Artificial Intelligence) таърихи тӯлонӣ ва марҳилаҳои гуногунро гузаронидааст. Аз замони пайдоиши аввалин назарияҳои асосии ҳуши маснуъӣ ва солҳои 1950-1960 то ба имрӯз, ин соҳа бо суръат рушд карда, дар ҳаёти ҳаррӯза ва технологияи муосир нақши муҳимро ишғол намудааст. Алан Тюринг (1912–1954), олими англис ва математики маъруф, яке аз асосгузорони назарияҳои ҳуши маснуъӣ мебошад. Вай бо таҳқиқи мантиқ ва алгоритмҳо, ки барои рушди ҳисоббарорӣ ва рушди технологияи компютерӣ асос гузошт, саҳми арзишманде дар рушди зеҳни сунъӣ гузошт. Тюринг ба таври назариявӣ ва амалӣ роҳи рушди системаҳои хисоббарории муосирро нишон дод, ки имрӯзҳо дар таҳияи системаҳои зеҳни сунъӣ истифода мешаванд.
Ҳангоми ба замони муосир ворид шудан, аз соли 2010 то имрӯз, пешрафти назаррас дар технология ва татбиқи ҳуши маснуъӣба амал омада, тағйироти амиқ дар ҳаёти рӯзмарра ва соҳаҳои гуногун ворид намуд. Масалан, дар соли 2011, барномаи Siri, ёвари овозии мустақили Apple, дар смартфонҳо ва дигар дастгоҳҳо барои муошират бо корбарон тавассути овоз шурӯъ кард. Баъд аз он, IBM Watson низ бо қобилиятҳои амиқ барои дарк кардани маълумот ва посух додан ба саволҳо, шӯҳрат пайдо кард. Дар ҳамон сол, Google Assistantҳамчун ёвари овозии Googleба бозор омад ва ба як қисми асосии экосистеми корбарии мобилӣ ва хонагӣ табдил ёфт. Ин дастгоҳҳо ва барномаҳое, ки дар асоси ҳуши маснуъӣсохта шудаанд, ба корбарон дар ҳар замона ва ҳолат кӯмак мерасонданд, ки муҳимтарин инҳо фаҳмидани забон, танзим ва таҳрири овоз ва иҷрои вазифаҳо ба таври автоматӣ мебошанд. Соли 2016, AlphaGo, ки аз ҷониби ширкати DeepMind(як ширкати таҳти назорати Google) таҳия шудааст, таърихнигории бузург дар соҳаи ҳуши маснуъӣ ба вуҷуд овард. AlphaGo аввалин барномае буд, ки тавонист чемпиони ҷаҳон дар бозии Go(бозии стратегӣ бо қоидаҳои душвор) шикаст диҳад. Инчунин Алиса, ё асистенти овозии Яндекс, расман дар соли 2017 шурӯъ кард. Ӯ аввалин бор дар Русия ва дигар кишварҳои ҳамсоя бо мақсади кӯмак ба корбарон барои иҷрои вазифаҳои гуногун, аз ҷумла навиштани матнҳо, ҷустуҷӯи интернет, ба даст овардани маълумот ва гузаронидани амалҳои ҳаррӯза, ба кор шурӯъ кард.
Аз соли 2023 то инҷониб, Microsoft Copilot яке аз барномаҳои нави ҳуши маснуъӣ аст, ки барои кӯмак ба корбарон дар барномаҳои Microsoft Office (масалан, Word, Excel, PowerPoint) ба кор шурӯъ кардааст. Ҳамзамон, чатботҳои GPT (Generative Pre-trained Transformer), ки аз тарафи ширкати OpenAI сохта шудаанд (масалан, ChatGPT), ва моделҳои бисёрҳадафаи ҳуши маснуъӣ, ба монанди Gemini-и Google DeepMind, ба як марҳилаи муҳим дар соҳаи ҳуши маснуъӣ расиданд. GPT на танҳо барои кӯмак дар навиштани матнҳо ва ҷавоб додан ба саволҳо, балки барои таҳлили амиқ ва эҷоди матнҳои ҷолиб ва эҷодии интеллектуалӣ барои корбарон кӯмак мерасонад.
Инчунин, ширкати чинии DeepSeek, ки дар майдони ҳуши сунъӣ фаъолият мекунад, бо таҳияи DeepSeek-R1, як модели забони сунъӣ, ки қобилиятҳои ChatGPT-ро рақобат мекунад, ба диққати ҷаҳонӣ расид. Модели DeepSeek-R1 бо сармоягузории 6 миллион доллар таҳия шуда, дар муқоиса бо моделҳои OpenAIва дигар ширкатҳои бузург, сармоягузории камтар ва вақти кӯтоҳтарро талаб мекунад.
Ҳамин тавр ҳуши маснуъӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти инсон таъсир гузошта, пешрафтҳои назаррас ва имкониятҳои навро фароҳам овардааст. Таъсири он дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт хеле амиқ ва фарогир мебошад.Масалан, ҳуши маснуъӣ дар соҳаи тиб тақрибан дар ҳар як марҳила, аз таҳлили маълумот то ташхис ва табобат, боиси пешрафтҳои бузург шудааст. ҳуши маснуъӣ метавонад бемориҳоро пешгӯӣ ва таҳлил кунад, ки барои табибон ва беморон хеле муфид аст. Масалан, алгоритмҳои ҳуши маснуъӣ дар шеносоии тасвирҳои тиббӣ, ба вижа дар рентген, МРТ ва сироятҳометавонанд бемориҳоро дар марҳилаҳои аввал шеносо кунанд.
Ҳуши маснуъӣ дар иқтисод нақшимуҳимро дар таҳлили бозор, таҳлил ва ташхиси рафтори мизоҷон ва пешгӯии натиҷаҳои молиявӣ мебозад. Вай ба ширкатҳо ва корхонаҳо кӯмак мекунад, ки стратегияҳои дуруст ва самаранокро дар асоси таҳлилҳои амиқ ва муайян кардани траекторияи иқтисодӣ таҳия кунанд. Моделҳои ҳуши маснуъӣ метавонанд маълумоти бузурги молиявиро таҳлил ва барои пешгӯии рафтори бозор, таҳлили хавфҳо ва ҷойгоҳҳои сармоягузорӣ кӯмак расонанд.
Дар соҳаи маориф, ҳамчун як усули таълими шахсиятӣ, имкон медиҳад, ки раванди омӯзиш барои ҳар як шогирд ё донишҷӯ шахсият гардонида шавад. Системаҳое, ки бо ҳуши маснуъӣ таҳия шудаанд, метавонанд дар таҳлили шогирдон, таҳлили ва ташхиси мушкилот ва пешниҳод кардани роҳҳо барои беҳтар кардани таълим кӯмак кунанд. Барои таҳлили натиҷаҳои таълимӣ, фаҳмидани шахсияти шогирдон ва дарк кардани эҳтиёҷоти онҳо дар вақти воқеӣ кӯмак мерасонад. Масалан, платформаҳои таълимии онлайн бо истифода аз ҳуши маснуъӣбарои дастгирии шогирдон ва омӯзгорон дар расидан ба натиҷаҳои беҳтар ва мусоидат кардани омӯзиш кӯмак мекунанд.
Соҳаи нақлиёт бо истифода аз барномаҳои ҳуши маснуъӣ барои беҳтар кардани бехатарӣ ва самаранокии ҳаракати нақлиёт, кӯмак расондааст. Моделҳои машин лернингва омӯзиши амиқ барои таҳлили ҳаракати нақлиёт ва пешгӯии оқибатҳои ҳаракат истифода мешаванд.
Роботизатсия ва нақлиётҳои худидорашаванда, ки бо истифода аз ҳуши маснуъӣтаҳия шудаанд, метавонанд ба таври автоматикӣ роҳҳоро муайян кунанд, хатарҳоро пешгӯӣ кунанд ва нақлиётро самаранок назорат кунанд. Инчунин, ҳуши маснуъӣбарои таъмини бехатарии роҳнамоии нақлиёт ва пешгӯии ҳодисаҳо ва садамаҳо дар нақлиёт истифода мешавад. Дар соҳаи энергетика, ҳуши маснуъӣбарои идоракунии самаранокии энергияи барқ, тақсимоти дуруст ва мониторинг дар захираҳои энергетикӣ кӯмак мерасонад.
Системаҳое, ки бо ҳуши маснуъӣтаҳия шудаанд, метавонанд энергияро дар тамоми заминаҳо мониторӣ кунанд, масалан, дар тавлид ва захира кардани барқ, кӯмак кунанд, ки манбаъҳои барқ кам ва сарфашаванда бошанд. Инчунин, ҳуши маснуъӣ метавонад ба ширкатҳои энергетикӣ кӯмак кунад, ки воситаҳои аниматсионӣ ва таҷҳизотро бо самаранокӣ истифода баранд, ки барои коҳиш додани талафот ва хатарҳо дар соҳа муҳим аст.
Ҳуши маснуъӣ дар таҳлили рафтор, таҳлил ва ташхиси эҳсосот ва кӯмак дар беҳтар кардани муносибатҳои иҷтимоӣ нақши муҳим мебозад. Вай инчунин барои пайгирии ва таҳлили манбаъҳои иттилоот дар расонаҳои иҷтимоӣ ва ҷараёнҳои маърифатӣ дар таҳаввулоти фарҳангӣ мусоидат мекунад. Ҳуши маснуъӣдар татбиқи таҳлилҳои шеносоии ҷараёнҳои иҷтимоӣ ва омӯзиш дар соҳоти гуногун ҳамчун кӯмак дар коркарди иттилооти маърифии оммавӣ истифода мешавад.
Дар соҳаи кишоварзӣ, ҳуши маснуъӣ барои мониторинг ва таҳлили омилҳои муҳити атроф, шеносоии ҳосили замин, пешгӯии ҳосил ва коҳиш додани талафот кӯмак мекунад. Ҳуши маснуъӣ барои беҳтар кардани равандҳои парвариш ва истифодабарии манбаъҳои табиӣ истифода мешавад. Системаҳое, ки бо ҳуши маснуъӣтаҳия шудаанд, метавонанд ба таҳлили замин ва пешгӯии вазъи муҳити зист кӯмак расонанд, ки ба истеҳсоли самаранок ва устувори ғизо ё кортхо мусоидат кунанд.
Барои таҳлил ва ташхиси далелҳо, ҷиноятҳо ва пешгӯии хатарҳо дар соҳаҳои гуногуни давлат ва қонунгузорӣ, ҳуши маснуъӣ метавонад нақши муҳим бозад. Системаҳои ҳуши маснуъӣ барои мониторинг ва таҳлили маълумотҳо, ташхиси пинҳон ва эҳтимолии хатарҳо ва коҳиш додани ҷиноятҳо дар ҷомеа кӯмак мекунанд. Ин низомҳо метавонанд барои таъмини амнияти шаҳрвандон, беҳтар кардани кори мақомоти ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ, ва оптимизатсия кардани раванди таҳқиқот ва қазо дар кишварҳо истифода шаванд.
Ҳуши маснуъӣ инчунин барои ёрӣ расондан ба адолат дар марҳилаҳои қонунӣ ва санҷиши омори ҷиноятӣ дар мақомоти судӣ кӯмак мекунад, ки он метавонад бо истифода аз таҳлилҳои амиқ ва имкониятҳои пешгӯии хатарҳо барои таъмини равшанӣ ва эҳтиёт кардани ҳуқуқи шаҳрвандон мусоидат намояд.
Дар астрономия ва илмҳои табиӣ, ҳуши маснуъӣ барои таҳлили маълумоти астрономӣ, моделсозии рафтор ва таҳқиқи ҳолатҳо дар муҳити кайҳонӣ ва соҳаҳои гуногуни илмии табиӣ кӯмак мерасонад. Масалан, ҳуши маснуъӣ дар шеносоии объектҳои космосӣ ва тадқиқоти физикаи ситораҳо истифода мешавад. Технологияҳои ҳуши маснуъӣ барои пайгирии, таҳлили маълумот ва таҳқиқи арзишҳои нав дар илмҳои табиӣ мусоидат мекунанд.
Қайд кардан ба маврид, ки ҳуши маснуъӣ дар баробари таъсирҳои мусбат, ки метавонанд ба рушди иқтисод, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ва муваффақият дар соҳаҳои гуногун кӯмак кунанд, таъсирҳои манфии худро низ ба ҷомеа мерасонад, аз ҷумла хатарҳо ба ҷойҳои корӣ, нобаробарӣ, ва хатарҳои амниятӣ, ки агар дуруст идора нашавад, метавонанд таъсири ҷиддӣ ба амнияти иттилоотӣ ва равандҳои иҷтимоӣ гузоранд.
Машинҳо ва роботу системаҳои зеҳни сунъӣ (ҳуши маснуъӣ) метавонанд таҳаввулоти назаррас ва таъсироти гуногунро дар ҳаёти одамон ба вуҷуд оранд. Яке аз таъсироти манфӣ метавонад кам шудани ҷойҳои корӣ бошад, ки автоматизатсия ва истифодаи роботҳо дар соҳаҳои гуногун боиси маҳдудшавии имкониятҳо барои шуғли одамон мешавад. Роботҳо метавонанд вазифаҳои гуногунро, ки то ҳол одамон иҷро мекарданд, ба осонӣ ба роҳ монанд, ки ин метавонад ба бекорӣ, нобаробарии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ оварда расонад.
Ҳамчунин, истифодаи ҳуши маснуъӣ метавонад боиси хатарҳо дар амният ва ҳуқуқи инсон шавад. Масалан, системаҳои зеҳни сунъӣ метавонанд барои манипулятсия, таҳрир ё ҳакерӣ истифода шаванд, ки амният ва махфияти шахсиятҳоро таҳдид мекунанд. Агар системаҳои ҳуши маснуъӣ хато кунанд, онҳо метавонанд ба одамон зарар расонанд, ҳамчунин метавонанд хулосаҳои ғайриодилона диҳанд, ки натиҷаашон мансубияти иҷтимоии як гурӯҳ ё миллатро таҳқир мекунад.
Ҳуши маснуъӣ дар баъзе ҳолатҳо метавонад таъсирҳои манфии дигаре дошта бошад, ба монанди истифодаи худсаронаи ҳуши маснуъӣ барои манипулятсия дар сиёсати давлатӣ, ҷангҳои кибернетикӣ ё ташаккул кардани тасаввуроти бардурӯғ дар ҷомеа. Дар сурати беэътиноӣ ва камбуди танзим дар истифодаи ҳуши маснуъӣ, хатарҳо ба амният ва ахлоқ пайдо мешаванд, ки метавонанд боиси ба ҳам зада шудани мувозинат ё ташаккул ёфтани тасвири нодуруст дар ҷомеа гардад.
Барои мубориза бо ин хатарҳо, зарур аст, ки истифодаи дуруст ва масъулияти ҳуши маснуъӣ дар чаҳорчӯби қонунҳо ва стандартҳои ахлоқӣ қарор гирад. Бо назардошти аҳамияти рушди технология, барои пешгирии хатари манфии ҳуши маснуъӣ, зарур аст, ки ҳукуматҳо ва ширкатҳо дар баробари истифодаи ин технологияи қудратманд, қонунгузорӣ ва танзимоти мувофиқро роҳандозӣ кунанд. Чунки барномаҳои равшан ва сиёсатҳои дуруст метавонанд барои коҳиш додани ин хатарҳо ва истифодаи дурусти технологияи ҳуши маснуъӣ дар ҷомеа кӯмак кунанд.
Хушвахтзода Муҳидин Бурак – номзади илмҳои физикаю математика, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети механикаю математикаи ДМТ