СЕМИНАРИ ИЛМИИ ПРОФЕССОР ҶАНГИБЕКОВ Г.

673

Дар кафедра семинари илмии “Муодилаҳои интегралии сингулярӣ ва масъалаҳои канорӣ барои муодилаҳои дифференсиалӣ” бо роҳбарии доктори илмҳои физикаю математика, профессор Ҷангибеков Г. амал мекунад. Ҷаласаҳои семинар ҳар ҳафта як маротиба, рӯзи панҷшанбе баргузор мегардад, ки дар он кормандони илмӣ, аспирантҳо, магистрҳо, донишҷӯёни Донишгоҳ ва дигар Донишгоҳҳои Ҷумҳурӣ иштирок мекунанд.

Дар семинари илмӣ масъалаҳои ҳалшавандагии муодилаҳои интегралии сингулярии бисёрченака аз рӯи соҳаҳои маҳдуд, нимҳамворӣ, муодилаҳои интегралӣ бо ғеҷиш, масъалаи татбиқи ин натиҷаҳо ба ҳалли масъалаҳои асосии канории Дирихле, Нейман, масъалаи васликунӣ барои функсияҳои аналитикӣ, функсияҳои умумишудаи аналитикӣ муҳокима мегарданд.

Дар семинарӣ илмӣ инчунин натиҷаҳои илмии дотсентон Хуҷаназарова Г., Мамадкаримова М., Чоршанбиева М., Одинабеков Ҷ., Валиев Н., Зарифбеков М., Қозиев Г., Солиев С, аспирантҳо Савлатов Ф., Арабзода Қ., Хонов И., Бобоев Э ва дигарон баррасӣ ва муҳокима мегарданд.

Дар семинари илмӣ рисолаҳои илмии донишҷӯёни Донишгоҳ ва дигар Донишгоҳҳои Ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор мегиранд ва барои дифоъ ба Шурои илмии диссертатсионӣ аз рӯи  ихтисосҳои  01.01.01 – таҳлили ҳақиқӣ, комплексӣ ва функсионалӣ; 01.01.02. – муодилаҳои дифференсиалӣ, системаҳои динамикӣ ва идоракунии оптималӣ пешниҳод мегарданд.

Иштирокдорони семинари илмӣ дар кори конференсияҳои илмии байналмилалӣ, Ҷумҳуриявие, ки дар Донишгоҳҳои Ҷумҳурӣ, пажуҳишгоҳи илмии математикаи Академияи илмҳо баргузор мегарданд фаъолона иштирок меварзанд.