САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ-КОММУНИКАТСИОНӢ

23

Марҳилаи муосири рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодӣ, ки бо суръати назарраси илму техника алоқамандӣ дорад, ташаккули иқтисоди рақамиро дар заминаи самаранок истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) пешбинӣ менамояд. Низоми муосири иқтисодӣ, ки имрӯз дар он равандҳои асосӣ бо технологияҳои рақамӣ асос ёфтаанд, имкониятҳои нав барои рушд, инноватсия ва самаранокиро фароҳам меорад. Дар ин замина, аҳаммияти татбиқ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ хеле бузург аст. ТИК имкон медиҳанд, ки иттилоот ва дониш ба таври фаврӣ ва васеъ дар тамоми соҳаҳо ва самтҳои зисту фаъолияти аъзоёни ҷомеа истифода шаванд. Ин раванд ба ҳар як аъзои ҷомеа, соҳибкорон, кормандон ва истеъмолкунандагон имкон медиҳад, ки эҳтиёҷоти худро дар дараҷаи сифатан нав таъмин намуда, дар бораи бозор, маҳсулот ва хидматрасониҳо огоҳӣ пайдо намоянд ва барои ҳалли масоили худ қарорҳои беҳтар қабул кунанд.

Қайд кардан зарур аст, ки технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба таҳияи маҳсулот ва хидматҳои нав, ки ба талаботи бозор мувофиқанд, мусоидат мекунад. Масалан, платформаҳои онлайн, барномаҳои мобилӣ ва технологияҳои нави истеҳсолӣ ҳама аз технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ сарчашма мегиранд. Автоматикунонии равандҳо, истифодаи системаҳои идоракунии рақамӣ ва коммуникатсияи самаранок тавассути технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба коҳиши хароҷот ва зиёд шудани самаранокии кор дар соҳаҳои гуногуни иқтисод мусоидат мекунад. Ин гуна технолгогияҳо ба соҳибкорон имкон медиҳанд, ки ба бозорҳои нав, аз ҷумла бозорҳои байналмилалӣ, дастрасӣ пайдо кунанд. Аз он ҷумла, савдои электронӣ, маркетинг дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои онлайн ба соҳибкорон имкон медиҳанд, ки маҳсулот ва хидматҳои худро ба мизоҷон васеътар пешниҳод кунанд.

Имрӯз шоҳиди он ҳастем, киТИК дар ҳаёти ҳаррӯзаи аъзоёни ҷомеа ва тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ низ ба монанди соҳаи маориф, тандурустӣ ва хизматрасонии давлатӣ истифода шуда, ба ташаккули ҷомеаи рақамӣ мусоидат карда истодааст. Ин раванд барои сифатан тағйир кардани кору фаъолият ва имкониятҳои рушд барои ҳамаи аъзоёни ҷомеа мусоидаткунанда боқӣ мемонад.

Зарурияти самаранок истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсиониро ба назар гирифта, ҳануз соли 2002 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид карда буданд: «Имрӯз дастовардҳои технологӣ ва имкониятҳои коммуникатсионӣ ба дараҷае ҳастанд, ки ҳатто марзҳои байни кишварҳо ба онҳо монеъ шуда наметавонанд. Ҳар кишвар барои рушди худ бояд аз дастовардҳои беҳтарини дигар мамлакатҳо бархурдор бошад».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати самаранок истифодабарии технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ таъкидҳо кардаанд, ба монанди:

– «Вақти он расидааст, ки мо Консепсияи сиёсат ва амнияти иттилоотии худро таҳия ва қабул намоем» (4 апрели с.2003);

– «Барои таъмин намудани шаффофияти андозситонӣ ва истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ зарур аст, ки Барномаи давлатии иттилоотикунонии мақомоти андозу гумрук ва молияи кишвар таҳия ва қабул карда шавад» (20 апрели с.2006);

– «Истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва дар асоси он ташаккули ҳукумати электронӣ аз масъалаҳои муҳими замони муосир мебошад» (20 апрели с.2012);

– «Васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад» (20 январи с.2016);

– «Дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад. Бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд» (26 январи с.2021);

«Рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ» (28 декабри с.2024).

Қайд кардан бамаврид аст, ки бевосита бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон консепсияю барномаҳои давлатии вобаста ба инкишофи истифодабарии ТИК ва равандҳои рақамикунонӣ таҳия ва тасдиқ шудаанд. Аз он ҷумла, Қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стратегияи давлатии иттилоотӣ-коммуникатсионии технологӣ барои рушди Тоҷикистон», ки санаи 05.11.2003, № 1174 ба тасвиб расидааст, Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012-2020), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2011, № 643 тасдиқ карда шудааст; Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2019, № 642 тасдиқ карда шудааст.

Таҳия, қабул ва тасдиқи ҳуҷатҳои зикршудаи танзимкунанда ва ташаккулдиҳандаи раванди самаранок истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) баҳри рақамикунонии тамоми ҷанбаҳои фаъолияти соҳаҳо ва ҳаёти аъзоёни ҷомеаи Тоҷикистон нуқтаи ибтидоӣ буд, ки имрӯз аллакай унсурҳои ташаккули иқтисоди рақамӣ баръало зоҳир шуда истодаанд, ба монанди: истифодаи самаранок ва мақсадноки шабакаи глобалӣ (интернет), ҳамчун асоси ҳамаи фаъолиятҳои рақамӣ, дастрасӣ ба хидматҳо ва иттилоот дар ҳама ҷо ва дар ҳама вақт, нигоҳдорӣ ва коркарди иттилоот дар миқёси васеъ, таҳлили иттилооти калон барои қабули қарорҳои беҳтару самаранок, пайваст кардани дастгоҳҳо ва системаҳо ба интернет барои ҷамъоварии иттилоот ва автоматикунонии равандҳо, автоматикунонии равандҳои мураккаб, таҳлили пешгӯиҳо ва коркарди маҳсулоту хизматҳои интеллектуалӣ ва ғайра.

Метавон бо эътимоди комил хулосабарорӣ намуд, ки дар оянда вобаста ба сиёсати дар ин самт пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муъаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) ҳамчун нерӯи суръатбахшандаи рушду тараққиёт барои ташаккул ва рушди иқтисоди рақамӣ заминагузор боқӣ хоҳад монд.

Юсупов Шодмон Насурович,номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДМТ