САҲМИ ОЛИМОНИ ФАКУЛТЕТИ МЕХАНИКАЮ МАТЕМАТИКА ДАР АМАЛИСОЗИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

424

Масъалаи омода кардани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯи соҳаи илмҳои дақиқ, хусусан математика дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон қарор дорад. Тавре огоҳ ҳастем, дар Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26 декабри соли 2019) солҳои 2020-2040 бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардида буд. Ин иқдоми нек аз олимону мутахасисони соҳа коркарди усулҳои нав ба нави таълими фанҳои мазкурро тақозо менамояд. Барои амалӣ гардонидани дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Сардори давлат дар самти маориф стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардидааст, ки яке аз ҳадафҳои асосии он бознигарии стандарт, барнома ва китобҳои дарсии амалкунанда ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин масъалаи бениҳоят муҳим санаи 9-уми августи соли 2022 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд Конференсияи байналмилалӣ зери унвони «Татбиқи стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор гардид. Дар доираи конференсияи мазкур якқатор масъалаҳои мубрами соҳаи маориф мавриди баҳсу мунозира қарор дода шуданд, ки татбиқи муносибати босалоҳият дар раванди таълими фанни математика дар меҳвари онҳо меистад. Дар ибтидои конференсия қайд карда шуд, ки дар пояи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон гурӯҳи корӣ роҷеъ ба бознигарии стандарт, барнома ва китобҳои дарсии фанни математика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таъсис дода шудааст. Боиси ифтихор аст, ки ба ин гурӯҳ 4 нафар устод аз факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомил ҳаст. Инҳо номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ ва механика Маҳмадсалим Абдукаримов, номзади илмҳои физикаю математика, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо Дониёр Хокиев, номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калони кафедраи геометрия ва методикаи таълим Сулаймон Қурбонов, ассистенти кафедраи геометрия ва методикаи таълим Маҳмадлатиф Мирзозода мебошанд. Устодони номбаршуда дар таҳияи стандарту барнома ва китобу мақолаҳо дар самти методикаи таълими фанни математика таҷрибаи ғанӣ доранд ва бинобар ин метавонанд дар пиёда гардонидани муносибати босалоҳият дар раванди таълими фанни математика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳо, ки тақозои замон аст, саҳми худро гузоранд.

Воқеан, барои омода кардани кадрҳои болаёқати ба талаботи замон ҷавобгӯи соҳаи математика, пеш аз ҳама бояд муносибат дар зинаи аввали таҳсилот, яъне дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тағйир дода шавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки донишҷӯён дар бештари вақт таҳкурсии мустаҳкам надоранд, яъне математикаи мактабиро дар сатҳи зарурӣ намедонанд, ки ин дар раванди таълим дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мушкилиҳоро эҷод менамояд. Аз ин хотир, бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар сурати ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ворид гардидани ҷавонони боистеътоду донишманд ва босалоҳият, дар як муддати кутоҳ мутахасисони варзидаю ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй рӯйи саҳнаи ҳаёт меоянд.

Декани факултети механикаю математикаи ДМТ

Исмоил Қосимов