РАҚАМИКУНОНӢ – ОМИЛИ АСОСИИ БЕҲТАР ГАРДИДАНИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ

22

(Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ)

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 28 декабри соли 2024 дар бинои нави мақоми қонунгузории мамлакат- Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.

Ҳамаи масъалаҳои дар Паёми навбатӣ зикр шуда воқеан ҳам масъалаҳои калидӣ ба ҳисоб рафта , яке бо дигаре пайванди ногусастанӣ дорад ва дар маҷмуъ ҳама ба хотири боз ҳам боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвари азизамон таҳия гардида, амалӣ карда мешаванд.

Дар Паёми имсола Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки “Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаи иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофият муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устуворгузошта истодааст” . Инчунин,дар Паёми навбатӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шуд, ки дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:

Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.

Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ(5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсири махзани мукаммали миллии маълумот.

Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.

Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.

Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.

Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.

Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.

Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд.

Пешвои миллат дар Паёмашон барои соли 2023 пешниҳод намуда буданд, ки аз 1- уми июли соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад ва чунин ҳам шуд. Айни замон пардохти якчанд хизматрасониҳои пулакии давлатӣ, аз ҷумла ҳаққи истифодаи қувваи барқ, хизматрасониҳои коммуналӣ, об, нақлиёти ҷамъиятӣ, маблағҳои андоз , соҳаи тандурустӣ ва дигар хизматрасониҳои давлатӣ ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шудааст. Ғайринақдӣ гардонидани раванди пардохтҳо аҳамияти муҳими иқтисодӣ дошта, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани хизматрасониҳои давлатӣ ин равандро осон, шаффоф ва мувофиқ мегардонад, инчунин, ба истифодаи оқилонаи вақти худ имконият медиҳад. Дар воқеъ гузариш ба иқтисоди рақамӣ имконият васеъеро фароҳам меоварад, ки дар ин замина иқтисоди миллӣ низ рушд карда, сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта мешавад.

Пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ ин яке аз роҳҳои асосии пешгирии коррупсия мебошад.

Аз тарафи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод карда шуд, ки солҳои2025-2030 ” Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ” эълон карда шаванд. Дар робита ба ин, пешниҳод гардид, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад. Ба ин Донишгоҳ мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони самти мазкур дода, илова бар ин аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш дода шуд, ки дар ҳама муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар факултаю кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд. Боиси ифтихор аст, ки дар факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи 4 кафедра мутахассисони соҳаи барномасозӣ аз тарафи устодони ботаҷриба тайёр карда мешаванд ва инчунин синфхонаҳои компютерӣ муҷаҳҳаз бо компютерҳои наву замонавӣ таъмин мебошанд. Мо ҷавононро месазад, ки ҷиҳати боз ҳам рушду нумуи кишвари худ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, илмҳои замони худ, алалхусус, илмҳои дақиқ, барномасозиву технологияҳои иттилоотиро аз бар намуда, мутахассисони варзидаи замони хеш бошем. Дар воқеъ дастовардҳои замони имрӯзаро бе технологияҳои инноватсионӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Тавассути забонҳои барномасозии компютерӣ метавон ҳама масъалаҳои илмиву техникӣ ва иқтисодиро сохт ва дар амал истифода намуд.

Хушбахтона, имрӯзҳо тамоми шароити барои такмил додан ва ташкил додани иқтисоди рақамӣ ба ҷавонон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун аз тарафи давлат ташкил карда шудааст.

Бояд дар назар дошт, ки аз тарафи Сарвари давлат ҳамасола маоши вазифавии кормандони маориф, соҳаҳои илм , фарҳанг, тандурустӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин, стипендия ва дигар соҳаҳо бо маром зиёд шуда истодаанд. Инчунин Пешвои миллат дар Паёми худ хотирнишон карданд, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба ( солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмӯъ ба андозаи100 фоиз зиёд карда шуд. Мо ҷавонон шукргузор аз он ҳастем, ки дар чунин як фазои орому осуда умр ба сар мебарем ва ҷавобанба чунин ғамхориву дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки илмҳои замони худро аз бар намуда, мутахассисони варзида шуда, барои пешрафту тараққиёти кишвари худ саҳм гузорем.

Азизов Анбоз,донишҷӯи курси 3-юми факултети механикаю математикаи ДМТ