ҚОНУНИ АСОСӢ – ЯКЕ АЗ АРКОНИ КАЛИДИИ КИШВАРИ ҲУҚУҚБУНЁД

224

Дар робита ба санаи муҳимми таърихӣ – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети механикаю математика чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид. Чорабини бо сухани муқаддимавии декани факултет Қосимов И. оғоз ёфт.

Дар нишаст устоди факултети ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқшинос Маҳмудов И. перомуни марҳилаҳои қабул гардидани Конститутсия, ҷойгоҳи ҷавонон дар ҷомеа ва эътимоду боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қувваи созандаи ҷавонон сухан ронд. Аз ҷумла, мавсуф иброз дошт, ки “рафтору амали шаҳрвандони Тоҷикистон бояд дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад, зеро яке аз аркони калидии кишвари ҳуқуқбунёди моро Қонуни асосӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, мо бояд ба ҷавонону наврасон омӯзонем ва онҳоро дар доираи риояи қонунҳо, хусусан ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо тарбия намоем. Албатта, донистани Конститутсия на танҳо барои баланд шудани маърифати ҳуқуқӣ, балки маърифати сиёсӣ низ мусоидат мекунад”.

Зимнан гуфта шуд, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон 6 ноябри соли 1994 барои мардуми мо санаи тақдирсози миллат мебошад. Маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва риояи талаботи Конститутсия барои ҳамаи шаҳрвандон ҳатмист.