Нашри китоби устоди ДМТ дар Германия

577

Санаи 21-уми январи соли 2020 китоби дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Парвин Раймалихон таҳти унвони «Кто есть кто в Афганистане» (Шахсиятҳо ва чеҳраҳои шинохта дар Афғонистон) дар нашриёти LAMBERT Academic Publishing (Ҷумҳурии Федеративии Германия) бо забони русӣ дар ҳаҷми 416 саҳифа ба нашр расид. Нашри сеюми такмилёфтаи китоби мазкур тарҷумаи ҳоли намояндагони элитаи сиёсӣ, ҳарбӣ, маъмурӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва динии Афғонистонро аз оғози асри гузашта то имрӯз дар бар мегирад. Ҳамзамон, дар китоб маълумот дар бораи ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ шудааст. Китоби мазкур барои донишҷӯён, магистрон, унвонҷӯён, аспирантон, докторантон, омӯзгорони ихтисосҳои муносибатҳои байналхалқӣ, фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ, минтақашиносӣ, сиёсатшиносӣ, таърих ва шарқшиносӣ, ҳамзамон, барои гурӯҳи васеи муҳаққиқон, ки ба омӯзиши «масъалаи Афғонистон» машғуланд, муҳим мебошад.