МОДАР, ТУ БИҲИШТИ ҶОВИДОНӢ!

101

Модар – ин вожаи муқаддас, ин нури меҳру вафо, ин рамзи покии руҳ аст, ки дар вуҷуди ҳар як инсон ҷойгоҳи хосса дорад. Аз лаҳзаи аввалини зиндагӣ то охирин нафас, модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва пуштибони беминнати фарзандон мебошад. Модарон бо меҳнати шабонарӯзӣ, сабру таҳаммул ва дилсӯзии бемисл фарзандони худро парвариш менамоянд ва ба ҷомеа инсонҳои шоиста ҳадя мекунанд.

Модар – аввалин мураббӣ, аввалин муаллим ва аввалин шахсест, ки ба фарзанд тарбияи ахлоқӣ медиҳад. Ӯ меҳрубонӣ ва шафқатро ба дилҳо ҷой мекунад ва асоси инсонгароиро меомӯзонад. Модарон бо меҳру муҳаббати бепоён ба фарзандон ҳаёт мебахшанд ва тамоми ҳастии худро барои бахти онҳо мебахшанд.

Ҳар як инсони комил дар симои модар вафодорӣ, садоқат ва фидокориро мебинад. Онҳо мисли офтоб барои фарзандон нур мебахшанд ва бо дуои некашон роҳнамои зиндагии онҳо мегарданд.

Муҳаббати модар сарчашмаи ҷовидон ва бепоён аст. Вақте ки фарзанд дар ҳаёт бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мегардад, модар аввалин шахсе мебошад, ки бо самимият ва дастгирии худ кӯмак мерасонад. Муҳаббати модар мисли шарораи равшан аст, ки дар дилҳои фарзандон умед ва нерӯ мебахшад.

Ҳар як сухани модар лутфу навозиш ва ҳар як нигоҳи ӯ меҳру муҳаббат аст. Ба ҳамин хотир, бузургон гуфтаанд: “Ҷаннати фарзандон зери пои модар аст”. Ин маънои онро дорад, ки эҳтиром ва қадршиносии модар вазифаи муқаддаси ҳар як инсон аст.

Модарон дар рушду нумӯи ҷомеа нақши арзишманд доранд. Онҳо дар тарбияи фарзандон, ки ояндаи миллатро ташкил медиҳанд, саҳми бузург мегузоранд. Бе иштироки модарон ҳеҷ як ҷомеа наметавонад ба рушди устувор ва ахлоқи баланд ноил гардад.

Тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва ахлоқи ҳамида маҳз аз домони модар оғоз меёбад. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба модарон ва қадршиносии заҳматҳои онҳо як рукни муҳими ҷомеаи солим маҳсуб мешавад.

Чи хеле ки шоир қайд кардааст:

Бувад ҷонам фидоят модари ҷон,

Фидои хушнидоят модари ҷон.

Бубахшояд сафои зиндагонӣ,

Ба гӯши дил садоят модари ҷон.

Манам шамъу туи парвонаи ман,

Шавам обу адоят модари ҷон.

Тамоми ҳастиям н-арзанда бошад,

Ба як сӯзу навоят модари ҷон.

Ҷаҳоне бо ту дорам бе ту хорам,

Нисорам хоки поят модари ҷон.

Туро дорам ба танҳои дар олам,

Зи Ҳақ лутфу иноят модари ҷон.

Худо фармуд баъд аз тоати хеш,

Намоем аҳсаноят модари ҷон.

Давои ҷони беморам туи-ту,

Дуоям кун кифоят модари ҷон.

Зи тан сад ҷода медӯзам ба ҷоят,

Бигирам то дуоят модари ҷон.

Надидам роҳ сӯи бобу раҳмат,

Ба ҷуз роҳи ризоят модари ҷон.

Нагӯ ҷоно нагӯ асло риёӣ,

Бигӯям аз бароят модари ҷон.

Дилам рӯймолу пок аз чеҳра созам,

Ғубору ғуссаҳоят модари ҷон.

Маҳу хуршед наафшонад зиёе,

Чу қалби порсояд модари ҷон.

Илоҳо номи некат зинда бодо,

Ба дунё то ниҳоят модари ҷон.

Сарафрозии Шукруллоҳ ту бошӣ,

Ба меҳри ҷонфизоят модари ҷон.

Модар бо меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва дилсӯзии бемисл ҷовидон аст. Ӯ мисли биҳиште мебошад, ки фарзандонро бо муҳаббати худ иҳота мекунад. Бе модар зиндагӣ маъное надорад ва меҳри ӯ то абад дар дилҳо зинда мемонад.

Модарон қаҳрамонони аслии зиндагӣ мебошанд, ки бо заҳматҳои худ барои фарзандон зиндагии беҳтарро муҳайё месозанд. Мо бояд ҳамеша бо эҳтиром ва муҳаббат нисбат ба модарони худ рафтор намоем ва барои заҳматҳои шабонарӯзии онҳо сипосгузор бошем.

Модар офарандаи ҳаёт, рамзи покӣ ва биҳишти ҷовидон аст. Ҳар як фарзанд вазифадор аст, ки нисбат ба модари худ эҳтиром ва қадршиносии бепоён дошта бошад. Арҷгузорӣ ба модар, муҳаббат ва ғамхорӣ нисбат ба ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон аст. Бигзор муҳаббати модар ҳамеша дар дилҳои мо ҷовидона боқӣ монад ва мо бо самимият ва муҳаббати самимӣ ба модарони худ арҷ гузорем.

Шарифамоҳ Туманова – муаллими калони кафедраи моделсозии математикӣ ва компютерии факултети механикаю математика