МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ – ҚАДАМЕ УСТУВОР БА СӮЙИ ҲАЁТИ СОЛИМ

69

Субҳи имрӯз (17.05.2025) бо ҷалби устодону кормандони факултети механика ва математикаи ДМТ машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардиданд, ки дар он устодон, кормандон ва намояндагони бахши ҷавонон фаъолона ширкат варзиданд. Ҳамчунин устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш низ иштирок намуданд.

Ин иқдом бо ҳадафи таҳкими тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани рӯҳияи варзишгарӣ ва ташвиқи зиндагии фаъолу солим миёни устодону кормандон роҳандозӣ шудааст.

Машқҳои пагоҳирӯзӣ на танҳо барои нерӯманд сохтани бадан, балки барои оғоз бахшидан ба як рӯзи пурмазмуну самаранок мусоидат мекунанд.