ЭҲТИРОМ ВА САДОҚАТ БА ПЕШВОИ МАОРИФПАРВАРИ МИЛЛАТ

264

Роҳпаймоии осоиштаи ҷашнии Донишгоҳи миллӣ  бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз (16.11.2022)  дар ҳудуди Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳтиром ва садоқат ба Пешвои маорифпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳпаймоии осоишта ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ доир гардид. Роҳпаймоӣ дар шоҳроҳи назди биноҳои таълимии донишгоҳ сурат гирифт. Дар роҳпаймоӣ ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ, аз ҷумла роҳбарияти донишгоҳ, устодони унвондор, собиқадорон, донишҷӯёни гирандаи стипендияи Президентӣ, ғолибону иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, «Илм – фурӯғи маърифат», гурӯҳи ҷавонон – донишҷӯёни «Пайравони Пешвои миллат”, бахши ҷавонон духтарон, устодони кафедраи ҳарбӣ, кормандони шуъбаи бехатарӣ, омӯзгорону муҳассилини самти тиббю фарматсевтӣ ва беш аз 200 варзишгар таҳти роҳбарии аввалин гирандаи медали тиллои мусобиқоти Гранд Слам Темур Раҳимов иштирок доштанд.

Баъд аз роҳпаймоии осоишта дар саҳни бинои таълимии №11 чорабинии фарҳангии «Ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ гузаронида шуд.

Дар оғоз, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳайати устодон, кормандону донишҷӯёни донишгоҳ ва дар симои онҳо мардуми шарифи Тоҷикистонро ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд. Гуфта шуд, ки роҳпаймоӣ худ нишонаи иттиҳоду иттифоқӣ, сарҷамъию хушбахтии мардумро ифода карда, гузаштан аз майдон башорати зиндагии шоиставу арзандаи мардуми саодатманди кишвар дониста мешавад.

Дар идома таъкид, шуд, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ буда, мо дар зарфи 30 сол бо шарофати заҳмати софдилонаи мардуми тоҷик дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гаштем. Сарнавишти Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ин Иҷлосияи хотирмон пайванди ногусастанӣ дорад, зеро маҳз ҳамин анҷуман роҳи хатари нобудшавии давлату миллатро гирифта, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш сохт ва сохтори ҳокимияти давлатиро барқарор намуд. «Мо имрӯз бояд дар атрофи Президенти худ ҷамъ оем, эҳтиром ба корномаи беназири Пешвои миллат дошта бошем ва дар муқобили ҳар як ҷараёну таҳдидҳои ҷаҳони муосир бо донишу малакаи баланд сина сипар созем, илова бар ин, бо ибораи зерини Пешвои маҳбуби кишвар ба сӯйи оянда назар намоем: Тоҷикистон, ба пеш!».

 Дар барномаи фарҳангии Ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ  дар баробари ҳунармандони ансамбл, инчунин, сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Шабнами Сурайё, Мадина Ҳақназарова, Ёсамин Давлатова, Асҳоби Исмоилзод ва Мино иштирок ва ҳунарнамоӣ намуданд.