ИШТИРОКИ ОЛИМОНИ ФАКУЛТЕТИ МЕХАНИКАЮ МАТЕМАТИКАИ ДМТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

172

Санаи 23-25-уми моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи миллии Узбекистон бо номи Мирзо Улуғбек ва Институти математика бо номи академик В.И.Романовский  дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон конференсияи байналмилалии илмии “Проблемаҳои муосири муодилаҳои дифференсиалӣ ва тадбиқи онҳо”  бахшида ба 90- солагии академик Салохидинов М.С ҷараён дорад. Дар конференсияи мазкур устодони кафедраи “Таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо”-и факултети механикаю математикаи ДМТ, академики АМИТ Раҷабов Н., д.и.ф.-м., профессор Раҷабова Л.Н., ва н.и.ф.-м., муаллими калон Хушвахтзода М.Б., Донишгоҳи  миллии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд. Устодони мазкур дар рӯзи аввали конференсия бо маърӯзаҳои илмии хеш баромад намуданд. Қайд менамоем, ки дар конференсияи мазкур олимони шинохтаи соҳаи илми математика аз давлатҳои гуногуни дунё ба монанди Дудучава Р. (Грузия), Кожанов А.И.(Русия),  Солдатов А.П.(Русия), Кальменов Т.Ш. (Казахстан), Хлуднев А.М.(Русия), Бердышев А.С.( Казахстан), Раджабов Н.( Таджикистан), Алимов Ш.А. (Узбекистан), Саддулоев А.(Узбекистан, Раджабова Л.Н.(Таджикистан) ва чандин олимони дигари соҳаи илми математика иштирок доранд ва маърӯзаҳои илмӣ менамоянд.