Дар фосилаи вақти аз 12.09.21 то 15.09.21 дар филиали Донишгоҳи Давлатии Башкурдистон дар шаҳри Стерлотамак конфересияи илмии байналмилалӣ доир ба мавзӯи “ Масъалаҳои муосири математика ва физика” ки ба 70-солагии аъзо-корреспонденти АИ ҶБ бахшида шуда буд, баргузор гардид. Дар кори конференция олимони шинохтаи соҳаи математика, механика ва физика ба таври шифои ва ОНЛАЙН иштирок ва маърӯзаҳои пленарӣ ва сексионӣ карданд. Аз он ҷумла академики АИ Россия , профессор Негматулин Р. И., дар мавзӯи “О глобальном изменение климата”, академики АИ Узбекистон Олимов Ш. О., профессор дар мавзуи “ О разрешимости задачи Коши для уравнения Лапласа”, академики АИ Қазоқистон , профессор Кельменов Т. Ш. дар мавзӯи “ О разрешимости одного класса интегро-дифференциальной системы , порожденной уравнениями Навье- Стокса”, академик АИ Россия, професор Моисеев Е. И. дар мавзуи “Задача Геллерстедта с данными на параллельных характеристиках для уравнения Лаврентьева-Бицадзе” ва бисер олимони дигар аз Туркия, Германия, Булғория, маърӯзаҳои пленарӣ карданд. Дар конфересия 30 то маърӯзаи пленарӣ ва 113 маърӯзаи сексионӣ шунида ва муҳокима карда шуд.
Дар ин конференсия бо маблағгузории комитети ташкилии конференсия профессори кафедраи Тахлили матемаиики ва назарияи функсияҳо, академики АИ Ҷумҳурии Точикистон Раҷабов Н. иштирок ва дар мавзӯи “ Переопределенная линейная система двух интегральных уравнений Вольтерровского типа с двумя фиксированными граничными сингулярными линиями в ядрах” маърӯзаи пленарӣ кард.