ИДОМАИ СИЛСИЛАВОХӮРИҲО: ВОХӮРИИ МАСЪУЛИНИ ДМТ ВА НАМОЯНДАИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БО ДОНИШҶӮЁНИ СОЛИ АВВАЛ

27

Дар доираи силсилавохӯриҳои роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо донишҷӯён, мулоқоти навбатии масъулини Донишгоҳ ва намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бо донишҷӯёни соли аввали факултети механика ва математика, инчунин, факултети муштараки ДМТ бо МТОК-и Беларус баргузор гардид.

Мавзуи асосии вохӯрӣ ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла тартиботи ҳуқуқӣ, риояи интизоми донишҷӯӣ, пешгирии равандҳои номатлуб дар муҳити таълимӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон бахшида шуда буд.