ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГИ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР БАРГУЗОР ГАРДИД.

409

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГИ “ОФАРАНДАИ БАХТИ АҲЛИ БАШАР , ФАЙЗБАХШИ МЕҲРУ ВАФО ЗАН – МОДАР АСТ” БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР ДАР ФАКУЛТЕТИ МЕХАНИКАЮ МАТЕМАТИКА БАРГУЗОР ГАРДИД.

Санаи (05.03.2022) дар доираи нақша чорабиниҳои садорати факултети механикаю математикаи бахшида ба ҷашни “РӮЗИ МОДАР” чорабинии фарҳангӣ гузаронида шуд, ки дар он декани факултет профессор Одинаев Р.Н.,раиси шуъбаи занони донишгоҳ Маҷидзода Д., раиси иттифоқи касабаи факултет Туманова Ш., раиси Шӯрои занон ва бонувони факултет Ҳафизова М., мудирони кафедраҳои Таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо, Техналогияи Иттилооти ва иртиботӣ, Моделсозии математики ва компютерӣ, устодону кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.Саравал чорабиниро декани факултет профессор Одинаев Р.Н. оғоз намуда зикр доштанд, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа, бахусус, дар самти илму маъориф бағоят калон мебошад. Президенти кишвар иродаи қавӣ ва масъулиятшиносии занонро ба инобат гирифта, онҳоро ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътироф карда, барои дар ҳамаи соҳаҳо муваффақ гаштанашон пайваста талош меварзанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар заминаи сиёсати Сарвари кишвар доир ба баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа як қатор санадҳои меъёрӣ–ҳуқуқӣ ба тасвиб расонида шудаанд. Имрӯз гуфтан мумкин аст, ки дар кишвари мо ягон соҳае дар самти илму маърифат нест, ки ба занҳо иртибот надошта бошад. Занҳои кишвар дар рушди илмҳои гуногун, аз ҷумла, илмҳои гуманитарӣ, сиёсӣ, тиббӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, илмҳои дақиқ ва риёзӣ ва дигар соҳаҳо кору фаъолият менамоянд. Бо ҳамин умеду орзуҳои нек, шумо, модарону бонувони арҷмандро бори дигар ба муносибати ҷашни фархунда — Рӯзи модар табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо ва ба ҳамаи бонувону хоҳарони мамлакат тандурустиву саодатмандӣ ва дар ҳаёти оилавиатон меҳру муҳаббат, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям. Идатон муборак модарони азиз!Баъди шунидани табрикоти декани факултети механикаю математика аз тарафи донишҷӯёни факултет дар васфи зан модар шеъру сурудҳо қироат карда шуданд, ки ҳусни чорабиниро ранги дигар бахшид. Дар охири чорабинӣ аз тарафи садорати факултет ба донишҷӯён ифтихорнома ва туҳфаҳо супорида шуд.