Боз як муаллимаи ҷавони Донишгоҳи милли Тоҷикистон соҳиби унвони илмӣ гардид

426

29 – сентябри соли 2021 дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимояи рисолаи номзадии ассистенти кафедраи Информатикаи факултети механикаю математикаи Донишгоҳи милли Тоҷикистон Раимзода Фараҳноз баргузор гардид.Раимзода Фараҳноз рисолаи илмиашро таҳти роҳбарии доктори илмҳои физикаю математика, профессор, Академики Академияи миллии Ҷумҳури Тоҷикистон Шабозов М.Ш. бо сарбаландӣ дифоъ кард.Раимзода Фараҳноз баъд аз ҳимояи муваффақонаи кори илмиаш иброз дошт, ки маҳз бо дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯзҳо мо, ҷавонон, бемамоният ва саргардонии зиёдатӣ метавонем, рисолаҳои илмиамонро дар дохили кишвар дар шӯроҳои ватанӣ ҳимоя менамоем.Садорат ва ҳайати профессорону омӯзгорони факултети механикаю математика Раимзода Фараҳнозро ба ин дастоварди арзишманди илмӣ таҳният гуфта, барои корҳои минбаъдаи илмиаш барору муваффақият орзу менамоянд.