СЕМИНАРИ МАШВАРАТИ ОИД БА ҶАЛБИ ДОНИШҶӮЁН БА ФАЪОЛИЯТИ КОРИ БОНКИ

264

Имрӯз ( 13.09.2022) дар факултети механикаю математика ДМТ семинар- машварат аз ҷониби намояндагони бонки Эсхата Сардори департаменти маркетинг ва рушд Исматуллоев Ф.С., менеҷери рушди кормандон Ғафурова А.А., менеҷменти минтақа оид ба маркетинг Маликов Ф. Ф.,мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иртиботӣ Рустамова Х.Р., муаллими калони кафедраи мазкур Пиров С.М., баргузор гардид.

Нахуст муаллими калони кафедраи Технологияи иттилоотӣ ва иртиботӣ Пиров С.М. семинар машваратро кушода гуфта, эълон намуд ва меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт.

Сипас сардори департаменти маркетинг ва рушд Исматуллоев Ф.С. оид ба соҳаи бонкдорӣ баромад намуданд ва дар самти хуб ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи рушди таҳсилот ва телекоммуникатсия, инчунин, таҳия ва амалисозии барномаҳои бонки, ҷорикунии технологияҳо ва таҷрибаомӯзӣ табодули афкор намуданд.