Ҳисоботи солонаи раиси ташкилоти ибтидоии «Механикаю математика»-и Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш»

592

Устодони муҳтарам, ҳамҳизбиёни гиромӣ,

Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш» дар ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур яке аз кумитаҳои калонтарин ва фаъол буда, имрӯз 25 ташкилоти ибтидоиро фаро мегирад. Яке аз ташкилотҳои фаъоли Кумита ташкилоти ибтидоии «Механикаю математика» ба ҳисоб меравад. Ташкилоти ибтидоии «Механикаю математика» дар соли ҳисоботӣ фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсй», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятй» ва дигар қонунҳои амалкунанда, Оиннома ва Низомномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Сарвари муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва ҷаласаҳои Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботй як қатор чорабиниҳоро роҳандозӣ намуд.

Шумораи аъзоён. Ташкилоти ибтидоии «Механикаю математика» яке аз ячейкаҳои асосии ҳизбӣ дар донишгоҳ ба ҳисоб рафта, ҳамасола шумораи аъзоёнаш дар афзоиш аст.

Алҳол ташкилоти ибтидоии «Механикаю математика» 41 нафар аъзо дорад. Ҳуҷҷатҳои ду нафар аъзо бинобар сабаби пур шудани шаҳодатномаи ҳизбӣ шаҳодатномаҳои нав дода шуд. Бояд зикр намоем, ки аксарияти устодони аъзошударо олимони ҷавон, магистрантон ва докторантон ташкил медиҳанд. Таъкидан зикр менамоем, ки ҷараёни ба сафи ҳизб шомил кардани аъзоён дар асоси Низомнома «Оид ба тартиби бақайдгирии узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» амалӣ мегардад.

Шумораи умумии занони аъзои ҳизб дар ташкилот ба 10 нафар мерасад. Аз шумораи умумии аъзоёни ҳизб синну соли аз 18 то 30 сола 17 нафар ва аз 31 то 70 сола 24 нафарро ташкил медиҳанд. Хушбахтона, таносуби ҷавонони аъзо дар кумита нисбат ба онҳое, ки аз 35 сола болоанд, хеле зиёд аст. Ҷавонони мо имрӯзҳо дар вазифаҳои пурмасъул адои вазифа намуда, аз сиёсати имрӯзаи давлат ва Президента кишвар ҷонибдорй менамоянд.

Аз ин баъд ташкилот мақсад дорад, ки сафи аъзоёни ҳизбро бо роҳи бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ аз ҳисоби устодону кормандон ва донишҷӯёни фаъол боз ҳам зиёд гардонад.

Ҳаракати аъзоёни ҳизб ва пардохти аъзоҳаққӣ. Назорат аз болои ҳаракати аъзоёни ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Механикаю математика» яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа мебошад. Ҷараёни мазкур дар ҳамбастагӣ бо раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Аниқтараш маълумоти лозимй дар бораи ҳар як аъзое, ки бо сабабҳои гуногун аз донишгоҳ меравад ё ба кор меояд, тавассути раёсати кадрҳо ва корҳои махсус ба кумита пешниҳод карда мешавад. Дар ин самт ягона мушкилии мо назорат бурдан аз болои ҳаракати донишҷӯёни аъзо аст. Яъне на ҳама донишҷӯён ҳангоми хатм кардани донишгоҳ барои аз қайди кумита баровардан ба мо муроҷиат мекунанд. Ин падида боиси он гаштааст, ки мо аз ҷараёни ҳаракати донишҷӯёни аъзо ба таври бояду шояд назорат бурда наметавонем. Бо мақсади ҳалли саривақтии ин масъала ташкилот ҳаракати донишҷӯёни аъзоро тавассути шуъбаи дуюми донишгоҳ ба роҳ мондааст, ки аллакай самараи хуб дода истодааст.

Албатта, яке аз вазифаҳои аъзои ҳизб пардохти саривақтии аъзоҳаққӣ мебошад, ки ин масъала дар ташкилоти ибтидоии «Механикаю математика» ҳалли ниҳоии хешро ёфтааст. Агар солҳои аввали фаъолияти ташкилот аъзоҳаққӣ тариқи накдӣ ҷамъоварй карда мешуд, айни замон ҷиҳати пардохти саривақтии ҳаққи аъзогӣ муҳосиботи донишгоҳ муваззаф гардидааст. Яъне ҳар моҳ аъзоҳаққии шумораи умумии аъзоёни ташкилот мувофиқи низомнома ба таври худкор ба суратҳисоби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур гузаронда мешавад. Метавон гуфт, ки ташкилоти ибтидоии «Механикаю математика» дар самти пардохти аъзоҳаққии аъзоён мушкилй надорад.

Обуна. Боиси қаноатмандист, ки ташкилоти ибтидоии «Механикаю математика» аз солҳои аввали таъсисёбӣ ба ҳама рӯзномаҳои ҳизбӣ обуна буда, бар замми ин олимони факултет бо мақолаҳои пурмӯҳтавои худ мунтазам аз минбарҳои ҳафтаворҳои ҳизбӣ ибрози андеша мекунанд. Ғайр аз ин соли сипаригашта ҳайати кормандони илмй, докторантон, аспирантон ва донишҷӯёни донишгоҳ, ки аксарият аъзои ҳизб мебошанд, дар 17 конференсияҳои дараҷаҳои гуногун 13 маърӯза қироат намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар соли ҳисоботӣ ташкилоти ибтидоии «Механикаю математика» мувофиқи нақшаи аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур тасдиқшуда ба ҳафтаномаҳои «Минбари халқ» ва «Мароми пойтахт» аъзо шуда, яке аз аввалинҳо шуда дар миқёси кумта аз иҷрои пардохти пурраи маблағи обуна баромад. Аз ин баъд кумита ният дорад, ки дар оянда ҳаҷми обуна ба ҳафтаномаҳои ҳизбиро вобаста ба шумораи аъзоёни ҳизб таҷдиди назар намояд.

Боиси тазаккур аст, ки тақсимоти ҳафтаномаҳои ҳизбӣ дар донишгоҳ тавассути шуъбаи умумй сурат гирифта, ҳама аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии кумита сари вақт аз мутолиаи онҳо бархурдор мешаванд.

Иштирок дар чорабиниҳои сиёсӣ. Яке аз самтҳои фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Механикаю математика»-ро иштироки аъзоёни он дар чорабиниҳои сиёсиву ҳизбӣ ташкил медиҳад. Боиси хушнудист, ки аъзоёни ташкилот дар баргузории ҳама туна чорабиниҳои сиёсй ва фарҳангии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъол буда, ҳамеша аз уҳдаи супоришҳои бар зиммаашон вогузоршуда бо сарбаландй мебароянд. Соли сипаришуда аъзоёни ташкилот вобаста ба рӯйдодҳои муҳимми сиёсй ва фарҳангиву иҷтимоӣ, аз қабили “Рӯзи. таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи Модар”, “Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз”, “Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”, “Рӯзи Ваҳдати миллй”, “Рӯзи дониш ва дарси сулҳ”, “30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи забони давлатй”, “Рӯзи Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар баргузории зиёда аз 50 номгӯи чорабиниҳои расмӣ-фарҳангй, илмию маърифатӣ ва варзишию солимгардонии донишгоҳӣ ва беруназдонишгоҳӣ саҳм гузоштанд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар оянда низ ташкилоти ибтидоии «Механикаю математика» фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда, дастуру супоришҳои Роҳбари муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалй Раҳмон, Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Щоҳмансур ба роҳ монда, дар рушду нумӯи ватани азизамон ва расидан ба он мақсадҳои ниҳоие, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар назди худ гузоштааст, саҳми босазои худро мегузорад.