ТАТБИҚИ МУОДИЛАҲОИ ДИФФЕРЕНСИАЛӢ

363

Санаи (04.11.2021) бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо ташаббуси Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Татбиқи муодилаҳои дифференсиалӣ дар ҳалли масъалаҳои амалӣ» доир гардид.Дар оғоз нахуст муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М., оид ба муҳиммияти мавзӯъ суханронӣ намуда, афзуд, ки моделсозии компютерии ҳодисаҳои бифуркатсионӣ дар доираи лоиҳаи амалишаванда на танҳо беҳбудии истифодаи технологияҳои муосири электронии таълим омӯхта мешаванд, балки имконияти истифодаи ҳамҷояи онҳо барои боз ҳам осонтар ва тезтар аз худ кардани маводҳо ва донишҳои фанҳои табиатшиносӣ низ мавриди таҳқиқ қарор мегиранд.Сипас дар кори конференсия доктори илмҳои физикаю математика, профессор Исҳоқбоӣ Нуров, академики АМИТ, д.и.ф.м. -профессор Маҳмадшо Илолов, номзади илмҳои физика-математика Ахмедов Ҷовидон ва ассистенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботии донишгоҳ Шарифзода М. вобаста ба паҳлуҳои гуногуни мавзӯи нишаст маърӯза намуданд.Дар анҷоми нишаст роҷеъ ба мавзӯҳои ироашуда саволу ҷавоб сурат гирифт.