ҶОННОК НАМУДАНИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚУ РИЁЗӢ

520

Дар робита ба самтҳои мухталифи илмҳои дақиқу риёзӣ, аз ҷумла дар соҳаи механикаю математика грантҳои гуногуни судманд вуҷуд доранд. Дар робита ба амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» кор бо грантҳо ва ширкатҳои маблағгузор дар самти пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ ниҳоят муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Илова бар ин, ҳамкориҳои факултетҳои механикаю математика ва муштаракаи ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касби (МТОК)- Белорусро бо муассисаҳои илмию таълимии хориҷи кишвар дар доираи шартномаҳои тарафайн хуб ба роҳ монда зарур аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои охир табодули устодону донишҷӯён кам ба чам мерасад. Хуб мешуд, ки садорати факултетҳои зикршуда дар самти татбиқи ин масъала корро ҷиддӣ ба роҳ монда, ташкили барномаҳои махсуси илмию таълимӣ ва ё таҳлилию иттилоотиро дар доираи ҳамкориҳои муштарак таҳия карда, дар заминаи он дастовардҳои нодири илмҳои дақиқу риёзӣ ва имконияти хуби таҳсил дар хориҷи кишварро ба насли наврасу ҷавон муаррифӣ намоянд.

Ин масъалаҳо зимни вохӯрии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо коллективи факултетҳои механикаю метематика ва муштараки ДМТ бо МТОК-и Белорус мавриди таҳлил қарор гирифт.

Дар идомаи вохӯрӣ ректори донишгоҳ ба садорати факултетҳо, мудирони кафедраҳо, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии факултетҳо (бахши занон, сарпарастон, ҷавонон, иттифоқи касаба…) ва коллективи устодони факултетҳо дар самти беҳтар намудани низоми таълиму тарбия ва таҷдиди назар намудани ҷараёни корҳои илмию эҷодӣ дастурҳои мушаххас доданд.