ТАШРИФИ КОМИССИЯИ ЭКСПЕРТИИ АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА ФАКУЛТЕТИ МЕХАНИКАЮ МАТЕМАТИКА

19

Имрӯз, тибқи талаботи барномаи комиссияи экспертӣ, гурӯҳи кории комиссияи экспертӣ барои гузаштани ихтисоси 1-31030400- информатика аз аккредитатсияи байналмилалӣ ба факултети механикаю математика ташриф оварданд.

Ёдовар мешавем, ки 11 ихтисоси Донишгоҳ — баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит, менеҷмент, иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, журналистика, тадқиқоти геологӣ, иктишофи геологӣ ва конҳои фоиданок, информатика, забонҳои муосири хориҷӣ (англисӣ), филологияи тоҷик, забон ва адабиёти рус, стоматология (дараҷаи бакалавр) — аз рӯйи панҷ кластер аз аккредитатсияи байналмилалӣ мегузаранд.