Парчам яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи ягонагиву ваҳдати ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Барои миллати тоҷик низ Парчами давлатӣ дорои арзиши бузурги таърихӣ, сиёсию фарҳангӣ ва маънавист. Шиори пурифтихор “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!”, ки аз забони ҳар фарди ватанпарвар садо медиҳад, ифодагари муҳаббат ба Ватан, арҷгузорӣ ба истиқлол ва ифтихори миллӣ мебошад.
24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин сана барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ хотирмон буда, моро ба қадршиносиву ҳифзи рамзҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ роҳнамоӣ мекунад.
Парчами давлатии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 қабул гардида, ифодагари арзишҳо ва ормонҳои миллӣ мебошад.
Имрӯз, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат ба зинаҳои нави рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қадам мегузорад, парчами давлатӣ ҳамчун рамзи пешрафт дар тамоми арсаҳои ҳаёти ҷомеа ҷойгоҳи хосса дорад. Дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо, идораҳо, варзишгоҳҳо ва саҳнаҳои байналмилалӣ парафшон будани парчам эҳсоси ифтихор ва масъулиятро дар дилҳо бедор месозад.
Парчами кишвари мо танҳо як порча матоъ нест он рамзи таърихи пурғановат, фарҳанги куҳанбунёд ва ормонҳои волои миллат мебошад. Барои ҳар як ҷавон ва ҳар як шаҳрванди кишвар муҳаббат ба парчам ба маънои муҳаббат ба Ватан, ҳифзи сулҳу субот ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад.
Бигзор ин рамзи муқаддаси давлат дар осмони Ватан ҳамеша ҳамчу мисоли нерӯи миллӣ ва саодат парафшон бошад.
Юсуфзода К.Б.,ассистенти кафедраи моделсозии математикӣ ва компютерии ДМТ







