МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ – ҚАДАМИ УСТУВОР БА СӮЙИ ҲАЁТИ СОЛИМ

25

Субҳи имрӯз (27.09.2025) бо ҷалби устодону кормандони факултети механика ва математикаи ДМТ машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардиданд, ки дар он устодон, кормандон ва намояндагони Шуъбаи кор бо ҷавонон фаъолона ширкат варзиданд. Ҳамчунин, устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш низ иштирок намуданд.

Ин иқдом, ки бо ташаббуси Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ гузаронида мешавад, бо ҳадафи таҳкими тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани руҳияи варзишгарӣ ва ташвиқи зиндагии фаъолу солим миёни устодону кормандон роҳандозӣ шудааст.

Машқҳои пагоҳирӯзӣ на танҳо барои неруманд сохтани бадан, балки барои оғоз бахшидан ба як рӯзи пурмазмуну самаранок мусоидат мекунанд.