Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳамияти ниҳоят калон доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Бо кӯшишҳои фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози мо, сарҷамъ гардид. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд ва миллат ба ваҳдат омад. Ба даст омадани Ваҳдати миллӣ дар кишвари мо омили барқарорсозии давлат пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ва асоси рушду нумӯи минбаъдаи он гашт. Дар ин санаи таърихӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Ин санад ифодакунандаи қатъи ҷанг ва оғози ҳаёти орому осоиштаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро инъикос менамуд.
Ваҳдати миллӣ омиле мебошад, ки тамоми пешрафт ва комёбиҳои кишвар аз он вобаста аст. Дар ҷое ки сулҳ пойдор аст Ваҳдати миллӣ низ ҳукмрон аст. Рушди устувори ҷомеа аз ваҳдат вобастагии калон дорад. Пас бузургии ваҳдатро ҳамчун дастоварди муқаддас бояд пос дошт ва ба қадри бебаҳо будани ин дастоварди миллат бояд расид.
Шукргузори аз он мекунем, тайи 28 сол аст , ки дар сартосари кишвари азизамон рӯзи Ваҳдати миллӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Ин 28 соли сулҳу субот, ободию оромӣ бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ ва пуштибонӣ шудааст. Қадру манзалати Ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза амал кунад. Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас аст ва мо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад. Обрӯю эътибори сарвари давлат, албата, ин обрӯю эътибори миллат аст, ки дар миқёси байналмилалӣ барои халқу ватани мо аҳамияти бузург дорад, вале ҳастанд қувваҳое, ки аз ин болоравии обрую эътибори ватани мо дар ҳаросанд. Бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекунанд, ки ваҳдати моро халалдор карда обрую эътибори халқу ватани моро паст кунанд. Бинобар ин, замоне расидааст, ки мо фарзандони миллат аз ҳар вақта дида содиқона дар атрофии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарди ватандӯст яктану якдил муттаҳид шавему баҳри боз ҳам қавитар гардонидани Ваҳдати миллӣ, ободии ватан ва пешрафти ҷомеа кӯшиш ба харҷ диҳем. Агар мо хоҳони онем, ки дар ҷомеаи мутамаддин ҷои сазовори худро дар ёбем ва ҷаҳониён моро ҳамчун миллати бофарҳангу тамаддуни бузург боз ҳам зиётар бишиносанд, пас биёед иттиҳоду Ваҳдати миллатро пешаи худ қарор диҳем ва сулҳу оштиро пойдор нигоҳ дорем.
Ин суханҳои Пешвои маҳбуби миллат хотимаи гуфтаҳои мост: “Мо, наслҳои имрӯзаи тоҷикон, ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро ба дӯши хеш гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ нигоҳ дорем ва ба бунёдкориву созандагӣ раҳнамун созем”.
Азизов Анбоз, донишҷӯйи курси 3-юми факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон