ИЛМИ МАТЕМАТИКА ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

128

Имрӯз (18.05.2024) дар пояи кафедраи моделсозии математикӣ ва компютерии факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Масъалаҳои муосири моделсозии математикӣ ва татбиқи он” бахшида ба “Солҳои 2020-2040 эълон гардидани Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо иштироки олимону муҳаққиқон аз сохторҳои илмию таълимии дохил ва хориҷи кишвар конфренсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи ҳамоиш муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои химия, профессор Сафармамадзода Сафармамад ҳузури меҳмонони конференсияи байналмилалиро ба Донишгоҳ хайрамақдам гуфта, афзуд, ки дар шароити муосир татбиқи системаҳои моделсозии математикӣ ва компютерӣ яке аз масъалаҳои асосӣ маҳсуб ёфта, дар амал татбиқ намудани он дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷа ба шумор меравад. Имрӯзҳо дар бештари давлатҳои рушдкарда мутахассисон таваҷҷуҳи худро ба инкишофи илмҳои табиию риёзӣ ҷалб сохта, тамоми доираи васеи рушди иқтисодиёти кишварро ба моделсозии математикӣ ва компютерӣ равона месозанд, то ин ки тараққиёти имрӯзаю ояндаи худро дар моделҳо шарҳ дода, оид ба вазъи иқтисодию иҷтимоӣ қарорҳои дахлдор қабул намоянд.

Дар идомаи нишаст декани факултети механикаю математика Исмоил Қосимов суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бо мақсади дуруст ва хубтар омӯхтани паҳлуҳои муосири илми математика конфренсияи мазкур ба роҳ монда шудааст. Зимнан тазаккур дод, ки омӯзиши моделсозии компютерӣ имкониятҳои васеъро барои дарки алоқамандии технологияҳои иттилоотӣ бо дигар фанҳои табиӣ ва иҷтимоиро пешкаш менамояд. Моделсозӣ яке аз усулҳои асосии дарккунӣ мебошад, ки шакли ифодакунии ҳақиқатро ошкор менамояд.

Ёдовар мешавем, ки дар идомаи конфренсия меҳмонону мутахассисон ва намояндагони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни омӯзиши илмҳои дақиқ маърӯза намуданд.