Имрӯз (13.12.2023) дар факултети механикаю математика тибқи нақша чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Точикистон ва нақша чорабиниҳои факултети механикаю математика вохӯри бо устод Давлатов Маҳмадулло муаллими калони кафедраи фалсафаи Донишгоҳи миллии Точикистон гузаронида шуд. Дар ин вохӯри устод Давлатов Маҳмадулло дар мавзуи баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва худшиносӣ, хатари ифротгароиву радикашизми динӣ, амнияти кишвар ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон маърӯза намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар рафти суҳбат таърихи пайдоиши тероризм ва ҳадафу мақсадҳои онҳо дар замони имруз ба донишҷӯëн фаҳмонида шуд. Зимни суҳбат қайд карда шуд, ки дар шароити имрӯз таҳдидҳои ҳамаҷонибаи созмонҳои террористиву экстремистӣ дар ҷомеъа боиси нигаронист. Ва дур будан аз ҳар гуна ақидаҳои ифротгароӣ барои ҷавонон бисёр муҳим аст. Зеро замони имрӯз зиракии сиëиро талаб менамояд.