ТАВСИФИ УМУМИИ ИХТИСОСИ 1-98 01 01 01 –АМНИЯТИ КОМПЮТЕРӢ

Пас аз худ намудани  барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси 1-98 01 01 01–Амнияти компютерӣ дар шакли таҳсили рӯзона, ба хатмкунанда касбият ва дараҷаи зерин дода мешавад:

– тахассуси касбӣ – Амнияти компютерӣ;

– дараҷаи касбӣ – бакалаври Мутахассиси ҳифзи иттилоот.  Математик.

Хатмкунандаи ихтисоси 1-98 01 01 01 –Амнияти компютерӣ барои кор дар муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, марказҳои компютерию иттилоотӣ, марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои барномасозии системавӣ, Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои бонкӣ, корхонаю объектҳои шакли моликияташ гуногуни хоҷагии халқ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, тайёр карда мешавад. Доираи фаъолияти касбии  бакалаври соҳаи Мутахассиси ҳифзи иттилоот.  Математик, соҳаҳои илмӣ, техникӣ ва  технологиеро дар бар мегирад, ки онҳо бо маҷмӯи проблемаҳои бо таҳия ва истифодаи воситаҳо ва системаҳои ҳифзи иттилооти системаҳои компютерӣ, таҳлили эътимоднок ва таъминкунии ҳифзи системаҳои компютерӣ аз таъсири зараррасони барномавӣ-техникӣ ва иттилоотӣ дар шароити мавҷудияти таҳдид дар муҳити иттилоот, алоқаманданд.

  1. Маълумот дар бораи ихтисос

Ном, рамз ва гурӯҳи ихтисоси 1-98 01 01 01–Амнияти компютерӣ ба Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №349 аз 30-июни соли 2007 тасдиқ шудааст, мувофиқ мебошад.

Барномаи бакалавриат аз рӯи ихтисоси 1-98 01 01 01 – “Амнияти компютерӣ” тибқи Шаҳодатномаи ИА №0000914, аз 17.07.2019 аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф (ҳозира Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) аккредитатсия шудааст.

Барномаи таҳсилотии мазкур аз рӯи ихтисоси 1-98 01 01 01–Амнияти компютерӣ моҳи майи соли 2021 таҷдиди назар гардида, аз соли таҳсили 2021-2022 мавриди татбиқ қарор дода мешавад.

  • Тахассуси хатмкунанда

Баъди аз худ намудани  барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси 1-98 01 01 01–Амнияти компютерӣ дар шакли таҳсили рӯзона, баъд аз хатм ба хатмкунанда касбият ва дараҷаи зерин дода мешавад:

– тахассуси касбӣ – Амнияти компютерӣ;

– дараҷаи касбӣ – бакалаври “Мутахассиси ҳифзи иттилоот.  Математик”.

3. Тавсифи умумии тахассуси хатмкунанда

Хатмкунандае, ки соҳиби тахассуси амнияти компютерӣ гардидааст, бояд;

–  системаҳои компютерии ҳифзшаванда ва воситаҳои коркард, нигоҳдошт ва интиқоли иттилооти ба онҳо тааллуқдоштаро донад;

–  системаҳои идоракунии амнияти иттилоотии системаҳои компютериро истифода карда тавонад;

– методҳои ҳифзи иттилоот дар системаҳои компютерӣ ва васоити истифодаи онҳоро донад;     

– моделҳои математикии равандҳое, ки  ҳангоми ҳифзи иттилооти дар системаҳои компютерӣ коркардшаванда ба амал меоянд сохта тавонад;

– методҳои назорати самаранокии ҳифзи иттилоот дар системаҳои компютерӣ ва системаҳо ва воситаҳои истифодаи онҳоро донад;

– аз методҳо, усулҳо ва воситаҳои гуногуни таълим истифода барад;

– равандҳо (технологияҳо)-и таҳияи таъминоти барномавии воситаҳо ва системаҳои ҳифзи иттилоотӣ дар системаҳои компютерӣ коркардшаванда, пешбинӣ шудаанд фаҳмад;

 – мунтазам тахассуси касбии худро такмил диҳад;

– қоидаҳо ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва зидди сӯхторро риоя кунад;

– ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандонро дар раванди фаъолият таъмин намояд.

Хатмкунандае, ки соҳиби тахассуси “Мутахассиси ҳифзи иттилоот.  Математик” гардидааст, бояд донад;

     4. Талабот оид ба дараҷаи хатмкунанда

     Хатмкунандае, ки барномаи зинаи бакалавриатро аз худ кардааст, дар мутобиқат бо намуди фаъолиятҳои касбӣ, ки барномаи таҳсилотии мазкур ба он равона гардидааст, бояд бо натиҷаҳои таълим, ки дар банди 3-и ҳуҷҷати мазкур нишон дода шудааст, мутобиқат намояд.

     5. Доираи фаъолияти хатмкунанда

     Доираи фаъолияти касбии  бакалаври соҳаи амнияти компютерӣ, соҳаҳои илмӣ, техникӣ ва  технологиеро дар бар мегирад, ки онҳо бо маҷмӯи проблемаҳои бо таҳия ва истифодаи воситаҳо ва системаҳои ҳифзи иттилооти системаҳои компютерӣ, таҳлили эътимоднок ва таъминкунии ҳифзи системаҳои компютерӣ аз таъсири зараррасони барномавӣ-техникӣ ва иттилоотӣ дар шароити мавҷудияти таҳдид дар муҳити иттилоот, алоқаманданд. Хатмкунандаи ихтисоси 1-98 01 01 01 –Амнияти компютерӣ барои кор дар муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, марказҳои компютерию иттилоотӣ, марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои барномасозии системавӣ, Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, миёнаи махсус, ибтидоии касбӣ, олии касбӣ, муассисаҳои бонкӣ, корхонаю объектҳои шакли моликияташ гуногуни хоҷагии халқ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, омода карда мешавад. Намудҳои фаъолияти касбие, ки аз рӯи онҳо хатмкунанда пас аз хатм кардани барномаи бакалавриат, омодагӣ мебинад, чунинанд:

          – илмӣ-тадқиқотӣ;

          – банақшагирӣ;

– ташкили идоракунӣ;

– назоратӣ-таҳлилӣ;

– фарҳангӣ ва рушдёбанда;

          – истеҳсолӣ – технологӣ.

6. Имкониятҳои давоми таҳсили хатмкунанда – Мутахассиси ҳифзи иттилоот.Математик, ки барномаи асосии таълимии таҳсилоти олии касбиро аз рӯи ихтисоси 1-98 01 01 01 амнияти компютерӣ  азхуд намудааст.

Тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки дипломи зинаҳои таҳсилоти олии касбии бакалавриатро доранд, метавонанд таҳсили худро дар зинаи дуюми таҳсилоти олии касбӣ – магистратура аз рӯи равия ва самт (ихтисос)-и мувофиқ идома диҳанд.

ҲУҶҶАТҲОИ ТАНЗИМКУНАНДАИ МУНДАРИҶА ВА РАВАНДИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ТАҲСИЛОТӢ

1. Барномаи таҳсилотии мазкур дар асоси Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф мувофиқ мебошад, ки бо онҳо дар сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шудан мумкин аст (нигаред ба https://maorif.tj).

2. Талаботро оид ба мазмун ва мундариҷаи ҳадди ақали ҳатмии барномаи таҳсилотӣ, шароитҳои татбиқнамоӣ ва муҳлатҳои азхуднамоиро Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

3.  Дар раванди татбиқи барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси 1-98 01 01 01 амнияти компютерӣ маҷмӯи зерини ҳуҷҷатҳои ҳатмӣ ҷалб карда мешаванд: нақшаи таълим аз рӯи ихтисос, барномаи таълимии корӣ, барномаҳои таҷрибаомӯзӣ, барномаи таълимии фан ва силлабусҳо. Талаботи ҳадди аққал ба мундариҷаи ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида дар Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст.

4. Қисми ҷудонашавандаи ин ҳуҷҷат (замимаи он) “Фишурдаи барномаҳои кории фанҳои таълимӣ” ба ҳисоб мераванд, ки иборат мебошанд аз: тавсифи мухтасари фан; намуди машғулиятҳо; забони таълим; салоҳиятҳое, ки дар донишҷӯ зимни  азхуднамоии фанни мазкур ташаккул бояд ёбанд; натиҷаҳои таълиме, ки аз тадриси фан ба даст меоянд; номгӯи боб ва мавзӯъҳои фан; васоити таълимӣ ва таъминоти техникии фан; шаклҳои назорати ҷорӣ ва ниҳоӣ. Ин замима танҳо фишурдаи фанҳои ҳатмиро дар бар мегирад, зеро муаррифии фанҳои интихобӣ ҳар сол моҳи апрел аз ҷониби шӯъбаи бақайдгирӣ ва машваратӣ баргузор мегарданд.  Мазмуну мундариҷаи пурраи барномаҳои кории фанҳои ҳатмӣ ва интихобиро дар китобхонаи электронии ДМТ пайдо кардан мумкин аст (нигаред ба https://tnu.tj).

5. Барномаи таҳсилотӣ омӯзиши ҳатмии бахшҳо ва модулҳоеро, ки дар банди 3-и ҳуҷҷати мазкур нишон дода шудаанд, бояд ба назар гирад.

6. Бахшҳо ва модулҳои барномаи таҳсилотӣ аз фанҳои ҳатмии компоненти давлатӣ ва донишгоҳӣ, фанҳои интихобӣ, машғулиятҳои факултативӣ, таҷрибаомӯзиҳо ва аттестатсияи ниҳоӣ иборат мебошад.

7. Номгӯи бахш, модулҳо ва фанҳои компоненти давлатии барномаи таҳсилотӣ ба талаботи ҳуҷҷати “Таснифоти фанҳои таълимӣ аз рӯи бахшҳо ва модулҳо” ҷавобгӯ мебошанд.

8. Шарҳи мухтасари барномаҳои таълимии фанҳои ҳатмӣ ва интихобӣ қисми ҷудонашавандаи барномаи таҳсилотӣ ба ҳисоб меравад, ки тавсифи мухтасари фан; намуди машғулиятҳо; забони таълим; салоҳиятҳое, ки бояд дар донишҷӯ зимни  азхуднамоии фанни мазкур ташаккул ёбанд; натиҷаҳои таълиме, ки аз тадриси фан ба даст меоянд; номгӯи боб ва мавзӯъҳои фан; васоити таълимӣ ва таъминоти техникии фан ва шаклҳои назорати ҷорӣ ва ниҳоиро дар бар  мегирад. Талаботи ҳадди ақал ба шарҳи мухтасари барномаҳои таълимии фанҳои ҳатмӣ ва интихобӣ дар замима(ҳо) дарҷ гардидааст. Мазмуну мундариҷаи пурраи барномаҳои кории фанҳои ҳатмӣ ва интихобиро дар китобхонаи электронии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  пайдо кардан мумкин аст(нигаред ба https://tnu.tj).

9.  Барномаи таҳсилотӣ омӯзиши ҳатмии бахшҳо ва модулҳоеро, ки дар банди 3-и ҳуҷҷати мазкур нишон дода шудаанд, бояд ба назар гирад.

10. Бахшҳо ва модулҳои барномаи таҳсилотӣ аз фанҳои ҳатмии компоненти давлатӣ ва донишгоҳӣ, фанҳои интихобӣ, машғулиятҳои факултативӣ, таҷрибаомӯзиҳо ва аттестатсияи хатм иборат мебошад.

11. Номгӯи бахш, модулҳо ва фанҳои компоненти давлатии барномаи таҳсилотӣ ба талаботи ҳуҷҷати “Таснифоти фанҳои таълимӣ аз рӯи бахшҳо ва модулҳо” ҷавобгӯ мебошанд.

12.Таъминот ва дастгирии донишҷӯён

Донишгоҳ дорои заминаи моддӣ-техникие мебошад, ки ба талаботи қоидаҳо ва меъёрҳои амалкунандаи зиддисӯхтор ва гузаронидани ҳама гуна намудҳои омодагиҳои фаннӣ, корҳои амалӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, ки аз ҳуҷҷати мазкур бар меоянд, мутобиқат мебошад.

Ҳар як донишҷӯ ҳангоми таҳсил ба китобхона (китобхонаи электронӣ) ва муҳити электронии иттилоотӣ-таҳсилотӣ дастрасии номаҳдуд доранд. Китобхонаи электронӣ ва муҳити электронии иттилоотӣ-таҳсилотӣ дастрасии донишҷӯро аз ҳар нуқтае, ки тавассути Интернет имконияти ба он пайвастшавӣ мавҷуд аст, таъмин карда метавонад. Муҳити электронии иттилоотӣ-таҳсилотии донишгоҳ имкониятҳои зеринро дорад: дастрасӣ ба нақшаҳои таълим, барномаҳои кории фанҳо ва таҷрибаомӯзиҳо, захираҳои электронии маводҳои таълимӣ, нашриёти низомҳои электронии китобхонаҳо, ки дар барномаҳои таълимии фан нишон дода шудаанд; қайди раванди таълим, натиҷаҳои санҷишҳои марҳилавӣ ва натиҷаҳои азхудкунии барномаи таҳсилотӣ; гузаронидани ҳама шаклҳои дарс, ҷараёни баҳодиҳӣ ба натиҷаҳои таълим, ки татбиқи онҳо бо назардошти истифодаи таълими электронӣ ва технолгияҳои таҳсилоти фосилавӣ сурат мегирад.

Дар тавозуни донишгоҳ 6 хобгоҳ, ҳам барои донишҷӯён ва ҳам барои омӯзгорон мавҷуданд. Хобгоҳҳо дорои ҳуҷраҳои бароҳат буда, ҳаммом, ҳоҷатхона ва ҳуҷраи хӯрокпазӣ дар ҳар як ошёна алоҳида ҷойгиранд. Инчунин дар хобгоҳҳо ошхона ва нуқтаҳои хӯрокхӯрии фаврӣ мавҷуданд. Сокинон бо мебели зарурӣ (кат, ҷевони либос, мизу курсӣ), инчунин ҷойхобҳо таъмин карда мешаванд. Дар хобгоҳҳо пайваста барои беҳтар кардани шароити зист мунтазам кор бурда мешавад.