Санаи 12.11.2021 дар факултети механикаю математика Шӯрои кураторон баропо гардид, ки дар он декани факултет профессор Одинаев Раим Назарович баромад кард аз ҷумла, маротибаи дигар оиди камбудиҳои факултет дар равандҳои илмӣ татбиқӣ, таълими методи ва тарбиявӣ таъкид гардид.Алал хусус, аз кураторони...
11-уми ноябри соли 2021 дар факултети механикаю математика бо иштироки намояндаи илмӣ Донишгоҳи милли Тоҷикистон Рустам Наботӣ Шӯрои олимон барпо гардид.
Дар ҷаласа оиди дастовардҳои олимони факултет дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷонишини декан оид ба илм дотсент Шоимқулов Б. ҳисобот доданд.
Дар робита ба самтҳои мухталифи илмҳои дақиқу риёзӣ, аз ҷумла дар соҳаи механикаю математика грантҳои гуногуни судманд вуҷуд доранд. Дар робита ба амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» кор бо грантҳо ва ширкатҳои маблағгузор дар самти пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ ниҳоят муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Илова...
Санаи (04.11.2021) бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо ташаббуси Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Татбиқи муодилаҳои дифференсиалӣ дар ҳалли масъалаҳои амалӣ» доир гардид.Дар оғоз нахуст муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода...
Дар кафедра семинари илмии “Муодилаҳои интегралии сингулярӣ ва масъалаҳои канорӣ барои муодилаҳои дифференсиалӣ” бо роҳбарии доктори илмҳои физикаю математика, профессор Ҷангибеков Г. амал мекунад. Ҷаласаҳои семинар ҳар ҳафта як маротиба, рӯзи панҷшанбе баргузор мегардад, ки дар он кормандони илмӣ, аспирантҳо, магистрҳо, донишҷӯёни Донишгоҳ ва дигар Донишгоҳҳои Ҷумҳурӣ иштирок мекунанд.
Ба 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва "Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" бахшида мешавад.
Ахбор
ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ МЕХАНИКАЮ МАТЕМАТИКА ҒОЛИБИ ҶОИ ЯКУМ ВА ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”
Донишҷӯёни факултети механикаю математикаи Донишгоҳи милли Тоҷикистон
1.Ашуров Хусрав дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияи Информатика байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ғолиби ҷои якум ва мукофотпули дар ҳаҷми 20000 сомонӣ гардид.Ва донишҷӯи дигар Раҳимов Некрӯз дар ҳамин...
Ба диққати тамоми донишҷӯёни донишгоҳ расонида мешавад, ки санаи 21.10.2021 соати 800 даври аввал ва дар таърихи 23.10.2021 соати 800 даври дуюми олимпиада аз фанни математика, саннаи 22.10.2021 соати 900 даври аввал ва дар таърихи 23.10.2021 соати 900 даври дуюми олимпиада аз фанни информатика гузаронида мешавад. Ҳамаи хоҳишмандон иштирок дар олимпиадаро...
29 - сентябри соли 2021 дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимояи рисолаи номзадии ассистенти кафедраи Информатикаи факултети механикаю математикаи Донишгоҳи милли Тоҷикистон Раимзода Фараҳноз баргузор гардид.Раимзода Фараҳноз рисолаи илмиашро таҳти роҳбарии доктори илмҳои физикаю математика, профессор, Академики Академияи миллии Ҷумҳури Тоҷикистон Шабозов М.Ш. бо сарбаландӣ дифоъ кард.Раимзода Фараҳноз ...














